Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзбонони тоҷику қирғиз ҳамкориҳоро баррасӣ карданд


Дирӯз намояндагони хадамоти марзбонии Қирғизистону Тоҷикистон дар шаҳри Ботканд ҳамкориҳои байнимарзиро баррасӣ карданд. Аз ҷониби Тоҷикистон раҳбарии ҳайатро Раҳматуллоҳ Орипов-фармондеҳи нируҳои марзбони Тоҷикистон дар Исфара ва аз сӯи Қирғизистон раҳбарии ҳайатро Саидҷон Эратов бар ӯҳда доштанд. Дар мулоқот роҳҳои ҷилавгирӣ аз убуру мурури ғайриқонунӣ ва баъзе масъалаҳои марбут ба қисматҳои баҳсбарангези манотиқи марзӣ баррасӣ шуд. Соли ҷорӣ дар қисмати марзии ин ду кишвар дар Исфара чанд ҳодиса рух дод.
XS
SM
MD
LG