Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Уфти қимати газ ва хези нархи нафт


Қимати гази табиӣ ба дунболи нашри гузориши давлати Амрико, ки гуфт, амборҳои газаш пур шудаанд, ба ҳадди дар 7 соли охир пойинтарин коҳиш ёфт. Таҳлилгарон мегӯянд, пойин рафтани тавлидоти корхонаҳои энержиталаб ба иллати пасрафти иқтисодӣ як иллати аслии коҳиши нархи газ шудааст.
Қимати ҳазор фути мукааби газ дар бозор тайи ду рӯзи охир 15 сент кам шуда, акнун 2 доллару 69 сентро ташкил медиҳад.
Ҳазор метри мукааби газ ба ин тартиб бояд чизе дар ҳудуди 95 долларро ташкил диҳад. Аммо нархи нафт баъд аз ду рӯзи уфт 1 доллару 6 сент афзуда, арзиши як бушкаи нафти хом акнун ба 72,5 доллар наздик шудааст.
XS
SM
MD
LG