Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳаракати оташсӯзӣ ба сӯи пойтахти Юнон


Бо авҷ гирифтани оташсӯзӣ дар ҷангалзорҳои Юнон, ҳазорон нафар аз сокинони ноҳияҳои наздик ба пойтахт шаҳри Афина хонаҳои худро тарк кардаанд. Аз рӯзи ҷумъа то кунун забонаҳои азими оташ даҳҳо манзили зист, ҳазорон гектар ҷангалзор ва киштзорҳои атрофи пойтахти Юнонро ба хокистар табдил додааст. Айни замон бодҳои шадид кори оташнишонҳои юнонӣ барои фурӯ нишондани оташсӯзиро, сахттар кардааст. Итолиё барои кӯмак дар рафъи фалокат ду ҳавопаймо фиристодааст ва интизор меравад, ҳавопаймоҳои оташнишонии Фаронса ва Қибрис ҳам ба кӯмаки ҳамтоёни юнонии худ бишитобанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG