Пайвандҳои дастрасӣ

Паёми Обама дар робита бо оғози рамазон


Дар робита бо оғози моҳи Рамазон Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар паёме қавл дод, ки барои таҷдиди муносиботи Амрико бо ҷаҳони ислом тадобири мушаххас хоҳад андешид. Дар як паёми видеоӣ, ки дар сомонаи расмии Кохи Сафед ба нашр расидааст, Обама бори дигар таъаҳудоти худро таъкид кардааст, ки вай ба муносиботи Амрико бо ҷаҳони ислом оғози дубора хоҳад бахшид.
XS
SM
MD
LG