Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамос раҳбари гурӯҳи ошӯбгари исломиро ҳалок кард


Ҳамос мегӯяд, ки дар шаҳри Рафоҳи минтақаи Ғазза дар ҷараёни даргирӣ раҳбари гурӯҳи мусаллаҳро ба қатл расондааст. Сухангӯи вазорати корҳои дохилии Ҳамос ба хабаргузории Ассошиэйтед пресс изҳор намудааст, ки Абдуллатиф Мусо раҳбари гурӯҳи Ҷунди Ансори Оллоҳ дар бархӯрди мусаллаҳона кушта шуд. Ҳамчунон дар задухӯрдҳои дурӯза 23 нафари дигар кушта шудаанд.Тахминан 100 узви гурӯҳи Ҷунди Ансори Оллоҳ дар яке аз масҷидҳои Рафоҳ камин гирифта, минтақаи Ғаззаро Аморати исломӣ эълон карданд. Ҳамос ин эъломияро кӯшиши табаддулот тавсиф намуда, бар зидди гурӯҳ амалиёти низомӣ раҳандозӣ кард.
XS
SM
MD
LG