Пайвандҳои дастрасӣ

Пешниҳоди Эрон ба Ожонси ҳастаӣ


Эрон ба анҷумани Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ, ки дар тирамоҳи имсол баргузор хоҳад шуд, баҳси масъалаи манъи ҳамлаҳои низомӣ болои корхонаҳои ҳастаиро пешниҳод кардааст. Ассошиэйтед Пресс мегӯяд, дипломатҳо ва сипас намояндаи Эрон дар Ожонси ҳастаӣ Алиасғар Султония ин хабарро таъйид карданд.
Дипломатҳо мегӯянд, ҳадаф таҳти фишори бештар қарор додани Исроил аст, ки истифода аз ҳамлаҳои ҳавоӣ бо ҳадафи тахриби барномаҳои ҳастаии Эронро истисно намекунад.
Аммо Алиасғар Султония гуфт, Эрон усулан ҷонибдори манъи саросари ҳамалот болои таъсисоти ҳастаист. Эрон то кунун бо вуҷуди се даври таҳримоти СММ аз ғанисозии ураниум даст накашидааст.
XS
SM
MD
LG