Пайвандҳои дастрасӣ

Русия нархи барқи Сангтӯдаи якро таъйин кард


Русия гуфтааст, ки имсол нирӯи барқи нирӯгоҳи аввали Сангтӯдаро ба Тоҷикистон бо қимати наздики 2 сент барои ҳар киловатт хоҳад фурӯхт. Тибқи қарордоди бистсола, Русия ҳаққ дорад, арзиши нирӯи барқи Сангтӯдаи якро алакай аз 1 январи соли оянда боло бубарад. Аммо маъмурияти нирӯгоҳ метавонад нархи нирӯи барқеро, ки ба хориҷ хоҳад фурӯхт, мустақилона муқаррар кунад. Тибқи қароре, ки ҳукумати Русия ахиран тасвиб кард, саҳми Русия дар нирӯгоҳи аввали Сангтӯда 75 дарсад тарҳи як саҳмия ва саҳми Тоҷикистон дар ин нирӯгоҳ 25 дарсад ҷамъи як саҳмия баровард шудааст.
Расми ифтитоҳи ин нирӯгоҳ дар поёни моҳи июл бо ширкати руасои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Русия доир шуд.
XS
SM
MD
LG