Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба Гурҷистон таҳдид мекунад


Русия мегӯяд, агар Гурҷистон дар минтақаи Қафқоз ба истилоҳ " иғвогарӣ"-ро идома диҳад, Маскав ҳақ дорад бо истифода аз нерӯ посух диҳад. Рӯзи шанбе як ҳафта пеш аз солгарди авввалини ҷанги Русияву Гурҷистон вазорати мудофиаи Русия изҳоротеро бо чунин мӯҳтаво интишор дод. Дар ин изҳорот гуфта мешавад, ки дар давоми чор рӯзи ахир ҷониби Гурҷистон чанд дафъа ба тарафи Осетияи Ҷанубӣ гулӯлаву норинҷак партоб намуд. Осетияи Ҷанубии Гурҷистонро Русия ҳамчун давлати соҳибистиқлол эътироф кардааст.
XS
SM
MD
LG