Пайвандҳои дастрасӣ

Ташкили пойгоҳи нави Русия дар ҷануби Қирғизистон


Рӯзи шанбе Қирғизистон ба Русия иҷозат дод шумори бештари сарбозонашро дар ин ҷумҳурӣ мустақар намояд. Дар эъломияе, ки раҳбарони ду кишвар дар шаҳри Чолпон-Отаи канори Иссих-кӯл имзо кардаанд, гуфта мешавад, ки ин воҳиди низомӣ то як баталионро ташкил дода метавонад. Дар ҳоли ҳозир Русия дар пойгоҳи ҳавоии Канти канори шаҳри Бишкек як пойгоҳи низомӣ таъсис додааст. Вале ҳамзамон бо он Русия мехоҳад дар шаҳри ҷанубии Оши Қирғизистон боз як пойгоҳи низомӣ бунёд намояд, ки эҳтимол он ба қароргоҳи нерӯҳои зудамали Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) табдил ёбад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG