Пайвандҳои дастрасӣ

Марзҳои Тоҷикистон то куҷо таҳти ҳифозатанд?


Ифтитоҳи иншооти ҳифзи марз дар мавзеъи Сариғори марзи Тоҷикистону Афғонистон, 13 сентябри соли 2008.

Ифтитоҳи иншооти ҳифзи марз дар мавзеъи Сариғори марзи Тоҷикистону Афғонистон, 13 сентябри соли 2008.

Иқрори вуруди теъдоде аз ҷангиёни ҲИУ ба Тоҷикистон ба осиёби онҳое об рехт, ки мегуфтанд, Тоҷикистон аз ӯҳдаи ҳифозати марзҳояш намебарояд.

Аммо аксари таҳлилгарон таъкид карданд, ки баъд аз хуруҷи нерӯҳои Русия аз марзи Тоҷикистон ҳукумат тавонист, нисбатан ба коҳиши маводи мухаддир ва убуру мурури ғайриқонунии марз даст ёбад.
Мо ифтихор мекунем, ки гурӯҳи аз мо тамриндидаи марзбонон бо истифода аз дидбонгоҳҳои сохтаи мо ва таҷҳизоти додаи мо қочоқбарони маводи мухаддирро дастгир мекунанд...

Аз сӯи дигар боздошти нафарони Ҳаракати исломии Ӯзбакистон дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Бадахшони Афғонистон ин талошҳои ҳукуматро то андозае зери суол бурд, ки оё чаро ин гурӯҳҳо метавонанд, ба осонӣ марзи Тоҷикистонро убур кунанд ва чаро онҳое, ки марзро нигаҳбонӣ мекунанд, натавонистанд пеши роҳи ин гурӯҳҳоро бигиранд.

Ахиран як мақоми Русия аз ҳукуматаш хост, ки агар мехоҳад, қочоқи маводи мухаддир коҳиш ёбад, бояд барои шаҳрвандони Ӯзбакистон ва Тоҷикистон раводиди сафари Русия ҷорӣ кунад.

Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилии Тоҷикистон тайи як нишасти матбуотӣ гуфт, дар марз қисматҳои душворгузаре вуҷуд доранд, ки назораташон мушкил аст.

Марзҳои Тоҷикистон, давлати шӯравибунёдро, ки аз сӯйи ин империяи бузург мушаххас шудааст, бо вуҷуди ба истиқлолият расидани Тоҷикистон дар соли 1991, то соли 2005 марзбонҳои рус ҳифз мекарданд.

Аммо соли 2003 ҳукумати Тоҷикистон ба таври пӯшида аз Русия хост, ки нерӯҳояшро берун кашад. Далели умдаи хориҷ кардани марзбонони рус, қабл аз ҳама, таҳти суол афтодани истиқлолияти Тоҷикистон арзёбӣ мешуд.

Ҳамчунин мақомоти Тоҷикистон изҳор медоштанд, ки азбаски хатти аввали марзро русҳо ҳимоя мекунанд, дар амри ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва гурӯҳҳои ҷиноӣ ноилоҷ ҳастанд.

Ҳоло марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро марзбонони тоҷик ҳимоят мекунанд. Аммо бархе аз коршиносони соҳа бо ишора ба вуҷуди фасод дар байни баъзе кормандони ин ниҳод мегӯянд, ҳаводиси ахири шарқи Тоҷикистон ва боздоштҳои зиёди қочоқбарони маводи мухаддир дар фазои ИДМ бозгӯӣ аз он мекунад, ки марзи Тоҷикистону Афғонистон он гуна ки итминон дода мешуд, муҳофизат намешавад.

Коршиносон мегӯянд, аз минтақаи Ҳамадонӣ то Мурғоби марзи Тоҷикистону Афғонистон дуруст муҳофизат намешавад.

Набуди таҷҳизоти зарурии фаннӣ ва бархӯрдор набудани марзбонон аз таҷҳизоти муассири муосир далели аслии ҳифозати заъифи марзҳо арзёбӣ мешаванд.

Мирзохӯҷа Низомов, муовини райиси Кумитаи собиқи марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, марзи кишвар бо Афғонистон бояд пурра симхор гирифта, дар марзҳо трактору мошинҳои назорати марз фаъол бошанд ва дигар таҷҳизот низ.

То хуруҷи нерӯҳои Русия аз марзи Тоҷикистон, ба қавли коршиносон, 80 дарсади марз симхор ва таҷҳизоти дигари заруриро дошт, аммо ҳангоми хуруҷ марзбонони Русия қисмате аз таҷҳизоти муҳимро бо худ бурдааанд ё фурӯхтаанд ва ҳар чиро бурдаву фурӯхта натавонистаанд, ба оташ кашидаанд, ё ифиҷор додаанд.

Мирзохӯҷа Низомов мегӯяд, марзбонҳои Русия, ки аз тасмими Тоҷикистон шадидан норозӣ буданд, барқасдона марзро қариб ки бидуни таҷҳизот гузоштанд.

Коршиносон мегӯянд, ҳукумати Тоҷикистон ба далели вазъи ногувори молиявию иқтисодӣ маблағи ҳифозати марзи ҳудуди 1400 – километраро надорад. Аз ин хотир марзбонони тоҷик, бештари кӯмакро аз кишварҳо ва созмонҳои хориҷӣ дарёфт мекунанд.

Трейси Ҷекобсон ҳангоми посух додан ба хабарнигори "Озодӣ", Фарҳоди Милод, 22-юми июли соли 2009.
Трейси Эн Ҷейкобсон, сафири ИМА дар Тоҷикистон гуфт, дар ин самт ҳамкориҳои кишвараш бо Тоҷикистон назаррас аст:
«Мо натиҷаҳоро мебинем, бахусус дар соҳаи амният. Мо ифтихор мекунем, ки гурӯҳи аз мо тамриндидаи марзбонон бо истифода аз дидбонгоҳҳои сохтаи мо ва таҷҳизоти додаи мо қочоқбарони маводи мухаддирро дастгир мекунанд. Ин муваффақияти муштараки мост».

Иттиҳоди Аврупо тариқи як барномаи вижаи тақвияти марзҳо мавсум ба БОМКА низ солона миллионҳо евро кӯмак мекунад.

Дар сафорати Амрико ва намояндагии ИА дар Душанбе ба мо мушаххас гуфта натавонистанд, ки дар ин самт чӣ қадар маблағ ба ҳукумати Тоҷикистон кӯмак додаанд.

Аммо коршиносони тоҷик мегӯянд, ҳифзи марзҳо қабл аз ҳама масъулияти халқ ва ҳукумати Тоҷикистон аст ва набояд "ба умеди оши ҳамсоя турб тарошид."
XS
SM
MD
LG