Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ва Тоҷикистон аз ҳам сард мешаванд?


Виктор Ядуха, таҳлилгари нашрияи РосБизнесКонсалтинг менависад, дар ҳоле ки дар Тоҷикистон тағйири самтгириҳои сиёсати хориҷӣ ба амал меояд, Маскав ҳанӯз ҳам барномаи мушаххаси манфиатҳои худро дар ин кишвар муайян накардааст. Вале дар миёни далелҳои нависандаи мақола моҷарои марбут ба РусАл ва нирӯгоҳи Роғун дар ҷои охирин қарор дорад. Баракс вай тағйири ном кардани раиси ҷумҳури Тоҷикистон, мулоқотҳои ахири ӯ бо мусофирони баландпоя, даъваташ аз САҲА ба ташкили ниҳоди минтақавии назорати марзҳо, таваҷҷӯҳи бештари Душанбе ба Иёлоти Муттаҳида ва баракс ва норӯшаниҳо дар сарнавишти фурудгоҳи ҳарбии Айниро далелҳои асосии тағйири ҳарорат дар муносибатҳои Маскаву Душанбе мешуморад.

Аз коршиноси тоҷики муқими Маскав Ҳокимшоҳи Муҳаббат мепурсам, оё дарвоқеъ мешавад гуфт, ин тағйири ҳарорат ба миён афтодааст? Вай мегӯяд: "Дар ҳақиқат як ҳолате ба миён омадааст, ки ман наметавонам, онро "тирагӣ" номам, вале як ҳолати номуайянӣ ва вакуум аст. Вале ба иттилоъи ман, гуфтушунидҳои зиёд идома доранд ва ҳатто ҳамин ки се-чаҳор моҳ аст, Тоҷикистон сафири худро ба Русия нафиристодааст, шояд як нишонаи гуфтушунидҳо бошад."

Ба ақидаи Ҳокимшоҳи Муҳаббат ин ҳолат дар муносибатҳои миёни ду кишвар як падидаи муваққатист ва Тоҷикистон роҳе ба ҷуз аз беҳбуди муносибатҳояш бо Русияро надорад, зеро зиндагӣ ва даромади наздик ба як миллион муҳоҷири тоҷик дар Русия ба ин муносибатҳо вобастааст.

Аз Душанбе, таҳлилгари тоҷик Исмоил Раҳматов низ мегӯяд, вазъи баамаломада дар муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон хосияти муваққатӣ дорад, ҳарчанд маҳз масъалаи Роғун сабаб ё баҳонаи он шудааст: "Ончи РусАл кард, албатта, як дилсардӣ овард, аммо гумон намекунам, муносибатҳо тамоман бад шуда бошанд." Дар заминаи ин ҳолат, Ҳокимшоҳи Муҳаббат аз Маскав меафзояд, нақши Ӯзбакистон дар чунин ранг гирифтани муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия таъсирбахш будааст. Ва ҷаноби Раҳматов мегӯяд, бояд дар як мулоқоти сарони Тоҷикистону Ӯзбакистон ин мушкил ҳал шавад.

Муаллифи матлаби "RBK Daily" менависад, таъсис ёфтани ҷумбише дар Маскав бо номи "Ватандор" шабеҳи талошҳои Русия дар ташкили ҷумбишҳои оппозисюнӣ ба муқобили он кишварҳои шӯравии собиқ аст, ки ба манфиатҳои Маскав беэътиноӣ мекунанд. Вай мегӯяд, айнан бо ҳамин шакл Маскав ҳизби мухолифони давлати Молдоваро таъсис дода буд. Аммо ҷаноби Раҳматов мегӯяд, муносибатҳо то ба он андоза бад нашудаанд, ки чунин иқдоме ба миён омада бошад, аммо шояд афроди муайяне ҳамкорӣ карда бошад.

Ва дар ҳоле ки Ҳокимшои Муҳаббат низ даст доштани мақомоти Русияро дар таъсиси созмони Ватандор рад мекунад, коршиноси Маркази Карнеги дар Маскав Алексей Малашенко бар ин аст, ки агар мақомот дар ин кор мустақиман даст надошта бошанд ҳам, бе пуштибонӣ ё ризоияти хомӯшонаи доираҳои муайяни Русия таъсиси ҷумбиши "Ватандор" дар Маскав имконнопазир мебуд ва мумкин аст, ҳамин маҳфилҳо ин созмонро дар ҳолатҳои зарурӣ ба дилхоҳи худ истифода кунанд.
XS
SM
MD
LG