Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумаки Амрико ба Кумитаи амнияти Тоҷикистон


Дар назди Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон бо кӯмаки молии Амрико як маркази муосири таҳлилӣ ифтитоҳ шуд.

Жаклин Мак Кенан, сухангӯи сафири Амрико дар Тоҷикистон, мегӯяд, ин дафъа кишвараш барои ташкили як маркази таҳлилӣ дар Кумитаи амнияти миллӣ ба маблағи бештар аз 700 ҳазор доллар кӯмаки молӣ кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ин марказ барои ҷамъоварӣ ва таҳлили иттилоъ буда, метавонад ба ҳайси синфхонаи академияи Кумитаи амният ҳам истифода шавад.

Амрико, ки яке аз кишварҳои донори Тоҷикистон маҳсуб мешавад, дар баробари кӯмакҳои башардӯстона, барои тақвияти ниҳодҳои ҳифзу тартибот ва нерӯҳои марзбонӣ кӯмакҳои зиёд кардааст. Сафорати Амрико дар Душанбе мегӯяд, Вашингтон аз соли 1992 дар чаҳорчӯби барномаи ҳамкорӣ бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ба хотири таъмини амнияти марзҳо, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва чолишҳои дигари беруна беш аз 28 миллион доллар кӯмак расондааст.

Бобоҷони Шафеъ, масъули дафтари матбуотии Оҷонси назорат бар гардиши маводди мухадири Тоҷикистон, ҳам Амрикоро ба унвони кишваре ном мебарад, ки барои ҷилавгирӣ аз густариши қочоқи маводди мухаддир кӯмакашро дареғ надоштааст. Вай мегӯяд, Амрико дар қатори дигар кишварҳои кӯмаккунанда дар таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон солҳост, ки маблағгузорӣ мекунад. Ва ин кӯмакҳо, ба гуфтаи ӯ, аз ташкили посгоҳҳои иловагии марзӣ ва таъмини ниҳодҳои қудратӣ бо фанновариҳои муосир иборат будаанд.

Коршиносон мегӯянд, Амрико, ки мехоҳад, Афғонистонро босубот ва орӣ аз тундгароёну унсурҳои террористӣ бубинад, барои расидан ба ин ҳадаф ба ҳамсоягони босубот ва хубе дар Осиёи Миёна ниёз дорад. Чаро ки бесуботӣ дар ин минтақа, ба қавли онҳо, монеи расидани Амрико ва мутаҳидонаш ба аҳдофи худ дар Афонистон хоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол, Фаррух Умаров, коршиноси Маркази тадқиқоти стротежии назди раиси ҷумҳур, кӯмакҳои пайвастаи Амрико ба Тоҷикистонро ба ду омили аслӣ марбут медонад, ки яке дарҳои сиёсати бози Тоҷикистон ва дигаре шарики боэътимод ҷустани Амрико дар минтақа барои мубориза бо терроризм аст.
XS
SM
MD
LG