Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алмосбек Отамбоев ба Русия сафар кард


Алмосбек Отамбоев - номзади аслии мухолифин дар интихоботи баҳсбарангези раёсати ҷумҳурӣ дар Қирғизистон, ба Русия сафар кардааст, то нигарониҳояш доир ба шеваи баргузории раъйгириро бо сиёсатмадорони ин кишвар дар миён гузорад. Бар асоси натиҷаҳои расмии интихобот, раиси ҷумҳури феълӣ Қурмонбек Боқиев 76 дар сад ва Алмосбек Отамбоев 8 дар сади раъйи мардумро ба даст овардааст. Ёварони Алмосбек Отамбоев нагуфтаанд, ки вай бо кадоме аз сиёсатмадорони Русия мулоқот мекунад. Мухолифини Қирғизистон интихоботи рӯзи 23 июлро олуда ба тақаллуб хонда ва натиҷаҳои онро эътироф накарданд. Нозирони хориҷӣ ҳам гуфтанд, ки интихоботи Қирғизистон мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сурат нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG