Пайвандҳои дастрасӣ

Барзонӣ: Интихобот ихтилофҳоро аз байн мебарад


Мардуми минтақаи худмухтори Курдистони Ироқ дар интихоботи президентӣ ва парлумонӣ фаъолона ширкат доранд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, дар назди баъзе аз қитъаҳои интихоботӣ таҷаммуъи мардум ба чашм мерасад, ки навбати раъйдиҳии худро интизоранд. Гуфта мешавад, ки ба рӯйхати раъйдиҳандагон ному насаби беш аз дуву ним миллион сокини се вилояти асосан курднишини воқеъ дар шимоли Ироқ –Доҳур, Арбил ва Сулаймония ворид карда шудааст. Раҳбари минтақа Масъуд Барзонӣ аз таваҷҷуҳи мардум ба ин маъракаҳои сиёсӣ изҳори хушнудӣ кард ва баъди овоздиҳӣ дар шаҳри Салоҳиддин гуфт: "Мо аз наззораи он ки мардуми Курдистон чӣ гуна ба интихоботи президент ва парлумони минтақаӣ мераванд, хело шодем. Мо умедворем, ки интихобот ба ҳалли ихтилофи назарҳо бо Бағдод, таҳкими ягонагии миллӣ ва бародарӣ миёни курдҳову арабҳо ва ҳамчунин дигар гурӯҳҳои қавмии Ироқ мусоидат мекунад".
Ҳадс зада мешавад, ки Масъуд Барзонӣ дар сабқати президентӣ пирӯз хоҳад шуд. Ду ҳизби аслии Курдистон – Ҳизби демократӣ ва Иттиҳоди ватандӯстонаи Курдистон барои дарёфти бештари курсиҳо дар парлумон шонсҳои беҳтар доранд.
XS
SM
MD
LG