Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дар андешаи танбеҳи Гурҷистон


Григорий Карасин – муовини вазири умури хориҷаи Русия, имрӯз гуфт, кишвараш “тадобири мушаххасе” хоҳад андешид, то нагузорад, ки Гурҷистон баъди ҷанги моҳи август бо Русия дигарбора мусаллаҳ шавад. Григорий Карасин ҳамчунин давлати Гурҷистонро ба он муттаҳам кард, ки қасд дорад, дар солгарди ҷанг дар Осетияи Ҷанубӣ дар ин минтақа “иғво” барангезад. Баёнияи дипломати олирутбаи Русия дар ҳоле садо дод, ки Ҷо Байден – муовини раиси ҷумҳури Амрико ба хотири нишон додани ҳимоят аз Гурҷистон ба шаҳри Тбилисӣ сафар кардааст.
XS
SM
MD
LG