Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Хоманаӣ ба мухолифин


Раҳбари рӯҳонии Эрон гуфт, ки ташкили беамнӣ “гуноҳи азимест” ва ҳар фарде бо ҳар мавқеияте агар бихоҳад ҷомеаро ба самти ноамнӣ бубарад, "инсони манфур аст".

Ин суханони Хоманаӣ ҳамагӣ се рӯз баъд аз он садо доданд, ки собиқ раисиҷумҳури бонуфузӣ Эрон Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ гуфта буд, ки мардуми зиёде ба натиҷаи интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар бо назари шубҳа менигаранд. Барои ба эътидол овардани вазъ Рафсанҷонӣ чанд роҳеро пешниҳод намуд.

Ӯ аз ҷумла даъват кард, ки мақомот бояд афроди дар паи интихобот боздоштшударо аз зиндонҳо раҳо кунанд.

Дар ҳоле ки баъд аз ин изҳороташ сиёсатмадорони тундрав Рафсанҷониро мавриди интиқоди шадид қарор доданд, бархе аз чеҳраҳо ва гурӯҳҳои ислоҳотталаби кишвар аз ӯ истиқбол карданд.

Собиқ раисиҷумҳури Эрон Муҳаммад Хотамӣ 19 июл гуфт, ки пешниҳодҳои Рафсанҷонӣ камтарин кӯшише барои ба эътидол оварданӣ вазъ мебошад. Хотамӣ афзуд, ки бояд назарпурсии умумӣ баргузор шавад ва мардум бояд имкон дошта бошанд, то гӯянд ки оё онҳо бо вазъи ҳозира розианд ё хайр.

Хотамӣ инчунин пешниҳод кард, ки чунин назарпурсиро бояд “ниҳодҳои мустақил”, аз ҷумла Шӯрои маслиҳатии таҳти раҳбарии Рафсанҷонӣ барпо кунанд. Ҳизби ислоҳотталаби Маҷмаъи рӯҳониёни мубориз дирӯз ин даъвати Хотамиро пуштибонӣ карда, бо пахши як баёния гуфтааст, ки назарпурсии умуми ягона роҳест барои баромадан аз бӯҳронӣ кунунӣ. Дар баёния омадааст, ки пофишорӣ ба шартҳои ғайриамалӣ ба боварии омма танҳо осеб хоҳад расонд.

Даъват ба назарпурсии умумӣ ҳамчун чолиш ба Хоманаӣ арзёбӣ мешавад, чунки ӯ натиҷаҳои интихобот ва иштироки зиёди интихобкунандагонро ҳамчун баёни эътимоди мардум ба низоми Ҷумҳурии Исломӣ арзёбӣ карда буд.

Хоманаӣ дирӯз мустақиман ба ягон пешниҳоди Рафсанҷонӣ ва Хотамӣ ишора накард ва аз ҳеҷ кадоми онҳо ёдовар нашуд, аммо ба боварии таҳлилгарон, суханони вай ошкоро алайҳи онҳое равона шудаанд, ки натиҷаҳои интихоботро зери шубҳа мегузоранд.

Изҳороти Хоманаӣ аз амиқтар шудани ихтилоф миёни мақомдорони эронӣ шаҳодат медиҳад. Дар ҳоле ки Хоманаӣ рӯшод гуфт, ки масъалаи интихобот пӯшида шудааст, дигарон, аз ҷумла номзадҳои ислоҳотталаб ба мақоми раёсатҷумҳурӣ Мирҳусейни Мӯсавӣ ва Маҳдии Каррубӣ, ҳукумати кунуниро ғайримашрӯъ эълон карданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод бо ташкили ҳукумат ва омодагӣ ба маросими савганд, ки бояд моҳи август барпо шавад, машғул аст. Ба назар мерасад, ки ҳеҷ кадом аз ин ду гурӯҳ намехоҳанд ақибнишинӣ кунанд.

Алиризо Ҳақиқӣ, таҳлилгари сиёсӣ аз Торонтои Канада ба радиои Озодӣ гуфт, ки Хоманаӣ бовар дорад, ки он ашхосе ки ба натиҷаҳои интихобот шубҳа доранд, барои мақомот хатар эҷод мекунанд.

Дар ҳоле, ки Хоманаӣ дирӯз ба мухолифин ишора намудааст, ки бояд аз мавқеъашон баргарданд, барои имрӯз, 21 июл раҳпаймоии эътирозии навбатии мухолифин барномарезӣ шудааст. Ин тазоҳурот ба хотири сӯгвории қурбониёни эътирозҳои осоиштаи баъдаазинтихоботӣ бахшида мешавад.
XS
SM
MD
LG