Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътирозҳои интихоботӣ ё бӯҳрони раҳбарӣ?


Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон. Теҳрон, 19-уми июни соли 2009.

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон. Теҳрон, 19-уми июни соли 2009.

Аз замони инқилоби исломӣ то ҳол Эрон ба бадтарин тазоҳурот рӯбарӯ шуд ва масъала ин буд, ки чӣ касе бояд ба курсии раёсати ҷумҳурии Эрон бинишинад.

Аммо дар ояндаи начандон дур Ҷумҳурии Исломӣ ба мушкили дигар сар ба сар хоҳад шуд. Ин мушкил ин аст, дар оянда ҷои Алӣ Хоманаӣ, раҳбари рӯҳонии Эронро, ки акнун дар синни пирӣ қарор дорад. чӣ касе хоҳад гирифт.

Ин раҳбари рӯҳонӣ гӯё аз ҷиноҳҳои сисёсӣ болотар қарор дорад. Вале дар муборизаи миёни ислоҳталабону муҳофизакорон, ки имкони аз
Ин иддаъои Каррубӣ натиҷааш он аст, ки Муҷтабо Хоманаӣ бо Аҳмадинажод дар ҳамкорӣ бо нерӯҳои Басеҷ ва фармондеҳони боломақоми Горди Инқилоб пирӯзии Аҳмадинажодро дар интихобот таъмин карданд, то Рафсанҷонӣ раиси ҷумҳур нашавад...
даст додани қудратро доштанд, аз муҳофизакорон ҳимоят кард.

Оё пирӯз эълон кардани номзади муҳофизакорон дар ин интихобот ба маънии ин хоҳад буд, ки мубориза барои гирифтани курсии раҳбар дар Эрон аз ҳоло оғоз ёфтааст?

"Ман ҷони ноқобиле дорам... Ҷисми ноқисе дорам... Андак обурӯе ҳам дорам, ки инро худи шумо ба мо додед. Ҳамаи инҳоро ман кафи даст гирифтам, дар роҳи ин инқилоб ва дар роҳи ислом фидо хоҳам кард".

Ин суханони Алӣ Хоманаӣ, раҳбари рӯҳонии Эрон аст, ки рӯзи ҷумъаи 19-уми июн дар намози ҷумъа дар масҷиди донишгоҳи Теҳрон дар назди ҷонибдоронаш садо дод.

Чунин суханрониҳо маъмулан дар ҷашнҳо ё идҳои вижа ё дар марҳилаҳои бӯҳронӣ анҷом мегирад.

Ин дафъа вай бо ин суханронӣ ба раҳбарони мухолифон ҳушдор дод, ки дар сурати хунрезӣ дар ин тазоҳуроти эътирозии зидди натиҷаҳои интихоботи 12-ӯми июн онҳо масъулиятро бар ӯҳда хоҳанд дошт. Дар миёни мардум дар бораи саломатии раҳбар суханонеро низ ба забон меоранд, ки вай аз бемории саратон ранҷ мебарад.

Аз ин суханронии вай бар зидди ислоҳтадабон муҳофизакорон ҷонибдорӣ карданд. Вай дар соли 1999 низ дар ҷараёни эътирозҳои хиёбонӣ чунин корро карда буд, вале суолҳои беҷавоб то ҳол боқӣ мондаанд. Яке аз чунин суолҳо ин аст, ки баъд аз сари Хоманаии бемор ҷои вайро кӣ хоҳад гирифт?

Ҳоло баъд аз ин интихобот тафриқа ё мухолифати миёни ислоҳталабон ва муҳофизакорон ба андозае амиқ рафтааст, ки интихоби касе ба ҷои Хоманаӣ масъалаи беандоза баҳсбарангез хоҳад буд. Ин мухолифатҳо дар оянда амиқтар хоҳад рафт, зеро чунин ба назар мерасад, ки ислоҳталабон ва муҳофизакорон раванди интихоби раҳбари ояндаро баробар шурӯъ кардаанд.

Раҳбарро Маҷлиси хубрагони Эрон интихоб мекунад, ки аз 86 узв иборат аст ва дар миёни аъзои он ҳам рӯҳониёни ислоҳталаб ва ҳам муҳофизакор ҳастанд. Ин ниҳоди маъруфи интихобшуда ҳамчунин метавонад раҳбари кунуниро барканор кунад, дар сурате, ки раҳбар натавонад вазоифи худро иҷро кунад.

Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ
Ҳоло раҳбарии Маҷлиси хубрагонро Алӣ Акбар Ҳошими Рафсанҷонӣ бар ӯҳда дорад, рӯҳоние, ки муҳофизакори ислоҳталаб аст ва дар гузашта раёсати ҷумҳурии Эронро бар ӯҳда дошт.

Бисёриҳо мегӯянд, ки Рафсанҷонӣ заминаҳои молии муборизаҳои интихоботии Мирҳусейни Мусавӣ-номзади интихоботии ислоҳталабонро фароҳам кардааст, шахсеро, ки дар интихобот рақиби сарсахти Маҳмуди Аҳмадинажод буд.

Муҳофизакорон бовар надоранд, ки раванди интихоби раҳбари ояндаро зери назорати худ дароранд. Вале онҳо дар чаҳор соли гузашта курсиҳои зиёдро дар ҳукумат ишғол карданд ва акнун марҳалаи дуввуми пирӯзиашонро таъмин кард.

Ин пирӯзӣ метавонад, ба истилоҳ "ҷабҳаи дуввум"-ро бар рӯяшон боз кунад. Заминаи аслии пирузии муҳофизакорон ҳамкории наздики Муҷтабо Хоманаӣ-писари Хоманаӣ бо МаҳмудиАҳмадинажод буд. Муҷтабо Хоманаӣ дорои мавқеи қавии ғайрирасмист ва ҳар касе барои тамос бо падараш бояд ризояти ин "дарбон"-ро бигирад.

Дарбонӣ корест, ки фаъоилияти кормандони дафтари раҳбарро бо раҳбар, яъне падараш ҳамоҳанг мекунад. Ҳоло шумораи кормандони дафтари раҳбар то ба 1000 нафар расидааст ва онҳо раҳбарро аз хабарҳо дар саросари кишвар огаҳ месозанд.

Намояндагоне, ки раҳбар дар ҳама бахшҳо таъйин мекунад, ҳам дар бахшҳои иҷроӣ ва ҳам дар бахшҳои низомиву устонҳо, дар муассисаҳои мазҳабиву фарҳангӣ ё ҳунарӣ бо дафтари раҳбар тамоси наздик доранд.

Муҷтабо дар соли 2005 низ дар пирӯзии Аҳмадинажод, ки шаҳрдори Теҳрон буд ва падараш аз вай ҳимоят мекард., нақши муассир бозӣ
Писарони оятуллоҳ Хоманаӣ -- Муҷтабо (мобайн) ва Мӯҳсин (аз чап).
кардааст. Аҳмадинажод он вақт шахсияти шинохташуда набуд. Аз он пирузӣ то ҳол заминаҳои ҳимоят аз раҳбар қаввитар шуд. Аҳмадинажод аз 21 вазир 14-тои онро бо аъзои собиқи Горди Инқилоб ва ё басеҷиҳо иваз кард. Ахиран рӯзномаи "Нию Йорк Таймс" навишт, аҳмадинежод дар ин муддат 10 000 нафар кормандони ҳукуматиро иваз кардааст, ки дар миёни онҳо номзадҳои интихоботии рақиби вай ҳам ҳастанд.

Ҳамин афроди тозавориди ҳукуматӣ дар идораҳои расмӣ натиҷаҳои интихоботро қабул карданд. Бино ба гуфтаи шоҳидони ҳол, Муҷтабо Хоманаӣ мисли Аҳмадинажод аз падараш тундравтар аст ва аз насли дуввуми раҳбаронест, ки мехоҳад инқилоби исломиро аз равандҳои ислоҳталаб дифоъ кунад. Ин иддаъоҳо дар гардиш аст, ки Хоманаӣ мехоҳад, тадриҷан писарашро ба ҷои худаш омода кунад.

Алӣ Алфунӣ дар пажӯҳишгоҳи Вошингтон дар бораи ин сару садоҳо чунин мегӯяд: "Баъзе сару садоҳо ҳаст, ки оятуллоҳ Хоманаӣ ба таври махфӣ талош дорад, писараш Муҷтаборо барои раҳбарӣ омода кунад. Ин иддаъо баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2005 сари забонҳо афтод ва онро он вақт Маҳдии Каррубӣ-номзади вақти раёсати ҷумҳурӣ ба забон оварда буд ва Рафсанҷонӣ ҳам ба таври ғайримустақим онро ифода карда буд. Ин иддаъои Каррубӣ натиҷааш он аст, ки Муҷтабо Хоманаӣ бо
Маҳмуди Аҳмадинажод. Теҳрон, 24 июни соли 2009.
Аҳмадинажод дар ҳамкорӣ бо нерӯҳои Басеҷ ва фармондеҳони боломақоми Горди Инқилоб пирӯзии Аҳмадинажодро дар интихобот таъмин карданд, то Рафсанҷонӣ раиси ҷумҳур нашавад".


Аммо Алфунӣ ҳушдор медиҳад, ки таъйиди ин иддаъо хеле душвор аст ва ин кори торихшиносон аст, то таҳқиқ кунанд6 ки оятуллоҳ Хоманаӣ аз писараш ҳимоят кардааст, то курсии вайро дар оянда ишғол кунад. Мушкили Муҷтабо ин будааст, ки вай бо донишҳои исломӣ ба андозаи кофӣ мусаллаҳ ва мусаллат нест.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG