Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳкумияти бомбгузориҳои Ҷакарта


Дар натиҷаи дасти кам ду таркиш дар меҳмонхонаҳои боэътибортарини Ҷакарта, пойтахти Индонезӣ ҳашт нафар, аз ҷумла ду бомбгузори маргталаб ба ҳалокат расиданд. Вазорати беҳдошти Индонезӣ гуфт, ки аз миёни кушташудаҳо ҳадди аққал чаҳор нафарашон хориҷӣ буданд. Маркази бӯҳроншиносии вазорати беҳдошт ҳуввияти панҷ нафарро шиносоӣ карда гуфтааст, ки ду нафари онҳо табааи Австралия, як нафар аз Зеландияи Нав, як тан аз Сингапур ва як кас шаҳрванди Индонезӣ буданд. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон, ки бо як сафари корӣ аз Мумбай дидан мекунад, ҳамлаҳои Индонезиро маҳкум кард ва гуфт:

"Бомбгузориҳои дирӯзаи шаҳри Ҷакартаи Индонезӣ захми хотироти дарднокро тоза мекунад, ки хатари ингуна амалҳои тундравонаи хушунатомез ҳамоно як чизи воқеӣ аст. Ин як зуҳуроти сартосарӣ, бераҳмона, инкоркунанда аст ва ба он бояд хотима дода шавад".

Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун изҳори итминон кард, ки муттаҳамони ин ҷиноят ба ҷавобгарӣ кашонда мешаванд.
XS
SM
MD
LG