Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: Бекорӣ дар Амрико афзоиш хоҳад ёфт


Барак Обама, раисҷумҳури ИМА, гуфт, ки барқарор кардани ҳамаи ҷойҳои кории бар асари бӯҳрон дар бахши мошинсозии Амрико аз байн рафта ғайримумкин аст. Зимни суханронӣ дар аёлати Мичиган, ки он ҷо корхонаҳои бузурги мошинсозӣ мавҷуданд, сарвари Амрико афзуд, бояд рӯи таъсиси ҷойҳои нави кор дар дигар бахшҳо тамаркуз кард.
Аз ин пеш, баъд аз мулоқот бо сарвазири Ҳоланд Ян Петер Балкененд дар Кохи Сафед, Барак Обама гуфта буд, ки бекорӣ дар ИМА тайи чанд моҳи оянда афзоиш хоҳад ёфт. Ба гуфтаи ӯ, вазъ дар бозори кор чанд муддат баъд аз беҳбуди нишондодҳои иқтисодӣ ислоҳ хоҳад шуд. Гуфта мешавад, ки сатҳи бекорӣ дар Амрико ахиран ба 9,5 дар сад расид ва ин баландтарин сатҳи бекорӣ дар 26 соли ахир маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG