Пайвандҳои дастрасӣ

Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури Қирғизистон санади идомаи истифодаи пойгоҳи "Манас" аз тарафи ҳарбиёни Амрикоро ба имзо расонд.

Ин ба маънои тасдиқи созишномаи нави байни ИМА ва Қирғизистон аст, ки тибқи он ҷониби Амрико солона ба Қирғизистон 60 миллион доллар падохт менамояд.

Ба воситаи ин ягона пойгоҳи амрикоӣ дар Осиёи Марказӣ ҳар моҳ тақрибан 15 000 сарбоз ва дар наздик ба 500 тонна мавод интиқол
"...ба далели ташаннуҷи авзоъ дар Покистону Афғонистон мақомоти қирғиз тасмим гирифтанд, ки нерӯҳои эътилофи зидди террор аз пойгоҳи Манас истифода кунанд...
меёбад.

Тибқи санади имзошуда ҳамчунин Пентагон дар майдони ҳавоии Манас барои парвоз ва фуруд омадани ҳавопаймоҳои худ майдони нави парвозу нишаст ва як анбор хоҳад.

Мувофиқи санади мазбур ҷониби Қирғизистон ҳақ надорад, маводи ба Афғонистон интиқолёбанда ва маводеро талошӣ кунад, ки аз Афғонистон тавасссути майдони ҳавоии Манас ба Амрико ва кишварҳои узви эътилоф интиқол меёбад.

Ҳамчунин барои ин мавод Амрико ба Қирғизистон молиёт пардохт намекунад.

Иддае аз коршиносон мегӯянд, ки Русия ба хотири хуруҷи нерӯҳои эътилофи зидди террор аз пойгоҳи Манас ба Қирғизистон ду миллиард доллар ваъда кардааст. Ба гуфтаи ин манобеъ бо вуҷуди гуфтугузорҳои зиёд Қирғизистон тасмими аввалияи худро тағйир дод. Ба гуфтаи коршиносон шояд тағйири авзоъи сиёсӣ дар минтақа ҷонибҳоро маҷбур намуд, ки ба тавофуқ бирасанд.

Тӯхтагул Какчикеев, коршиноси масоили сиёсии қирғиз, ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, "ба далели ташаннуҷи авзоъ дар Покистону Афғонистон мақомоти қирғиз тасмим гирифтанд, ки нерӯҳои эътилофи зидди террор аз пойгоҳи Манас истифода кунанд."

Аммо Назира Тошхоҷаева, як коршиноси дигари қирғиз, тамдиди мӯҳлати истиқрори нерӯҳои амрикоӣ дар пойгоҳи Манасро бозгашт ба ақиб арзёбӣ кард.

Ба гуфтаи ин хонум мақомоти кишвараш "вориди бозиҳои сиёсӣ шудаанд ва мавқеъи худро дар баробари хуруҷи нерӯҳои эътилофи зидди террор аз пойгоҳи Манас ба зудӣ тағйир доданд. Вале хисороте, ки ин пойгоҳ ба Қирғизистон ва мардуми он ворид мекунад, бо садҳо миллион доллар низ ҷуброн нахоҳад шуд."
XS
SM
MD
LG