Пайвандҳои дастрасӣ

Барак Обама зимни паёме унвонии раисиҷумҳури Қирғизистон фиристода, саҳми ин кишвар дар суботи Афғонистон, мубориза бо терроризми байнулмилалӣ ва маводи мухаддирро хеле муҳим арзёбӣ кардааст.

Қодирбек Сарбаев, вазири хориҷаи Қирғизистон, дар ин маврид гуфт, президенти ИМА дар ин паём аз ташаннуҷи авзоъ дар Афғонистон ва Покистон ибрози ташвиш намудааст ва умед бастааст, ки равобити Қирғизистону ИМА беш аз пеш тавсеа хоҳанд ёфт.

Вазири хориҷаи Қирғизистон тазаккур дод, ки дар ин паём президенти Амрико роҷеъ ба сафари як ҳайати баландпояи кишвараш ба Қирғизистон ишора кардааст.

Қодирбек Сарбаев мегӯяд, президент Боқиев вайро муваззаф намуд, ки якҷо бо вазоратҳои марбутаи кишвараш паёми ҷавобиро унвонии президенти ИМА ҷаноби Барак Обама таҳия намоянд, ки аз манфиатҳои Қирғизистон ҳимоят кунад.

Вазири хориҷаи Қирғизистон дар мавриди он, ки оё роҷеъ ба боқӣ мондани пойгоҳи низомии «Манас» дар қаламрави кишвараш дар ин паём ишора рафтааст ё на, фақат ҳамин нуктаро таъкид кард, ки тасмими ҳукумати Қирғизистон дар робита ба бастани пойгоҳи эътилофи зидди террор пазируфта шудааст ва эҳтиёҷ барои бозгашт ба он қарордоди қаблӣ намондааст.

Мирослав Ниёзов, собиқ Дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон, ба радиои Озодӣ гуфт, ки хуруҷи нерӯҳои эътилофи зидди террор аз пойгоҳи Манас ҳаргиз аз манфиатҳои кишвараш ҳимоят нахоҳад кард.

Ба гуфтаи ин генерали мустафъии қирғиз, таҳдидҳое, ки аз Афғонистон маншаъ гирифтаанд, саросари дунёро нигарон сохтаанд. Вай афзуд, ки аммо мақомоти Қирғизистон дар муқобили ин таҳдидҳо сиёсатеро пиёда карданист, ки дар афзоиши ин таҳдидҳо ба Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки Исҳоқ Масалиев, раиси ҷиноҳи ҳизби коммунисти Қирғизистон, мегӯяд, ки хуруҷи нерӯҳои ИМА мавҷи таҳдидҳои мусаллаҳона аз берун ба амнияти кишварашро коҳиш медиҳад. Ба гуфтаи депутат Исҳоқ Масалиев, бо хуруҷи нерӯҳо аз пойгоҳи «Манас» эҳтимоли бомбборони Қирғизистон аз ҷониби кишвари севвум аз байн хоҳад рафт.

Иддае аз коршиносони масоили минтақавӣ бар ин ақида устуворанд, ки боқӣ мондани низомиёни эътилофи зидди террор дар хоки Қирғизистон эътибори ин кишварро дар арсаи байнулмилалӣ афзоиш хоҳад дод.

Аз ҷумла Эуард Полетаев, як коршиноси минтақавии қазоқ, гуфтааст, ки тамдиди ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар Қирғизистон мунҷар ба он мешавад, ки кишварҳои абарқудрат назари сиёсатмадорони ин кишвари кӯчакро низ эҳтиром кунанд.

Ба гуфтаи Александр Князев, мудири пажуҳишгоҳи кишварҳои ИДҲ, мақараш дар Бишкек, мегӯяд, тибқи иттилое, ки ба дасти вай расидааст, миёни ИМА ва Қирғизистон як созишномаи ҷадид арзи вуҷуд хоҳад кард. Ба гуфтаи ҷаноби Князев Бишкек аз Амрико барои иҷораи ин пойгоҳ хостори 350 миллион доллар шудааст.

Ба таъкиди мудири пажуҳишгоҳи кишварҳои ИДҲ аммо Қирғизистон тасмими ниҳоиро фақат баъди мушовара бо раҳбари давлати Русия Дмитрий Медведев перомуни боқӣ мондан ва ё намондани ин пойгоҳ эълом хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG