Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Узбакистон аз паёми Обама ситоиш кард


Президенти Узбакистон Ислом Каримов

Президенти Узбакистон Ислом Каримов

Мақомоти Узбакистон аз паёми раисиҷумҳури Амрико ба мусулмонон истиқбол карданд.

Хабаргузории назди Вазорати умури хориҷии Узбакистон "Ҷаҳон" рӯзи 8-уми июн баёнияе нашр кард, ки дар он аз суханронии президенти Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, 4-уми июн дар Қоҳира ситоиш шудааст.

Хабргузорӣ менависад, ки "суханони Обама даъвате барои аз байн бурдани нобоварӣ ва ихтилоф бо ҷаҳони ислом" ва "талоше барои ёфтани роҳҳои нави ҳамкориҳои Амрико бо мусулмонон" аст.

Дар изҳороте, ки хабаргузории давлатии Узбакистон нашр кардааст, ба он бахш аз сӯҳбатҳои Обама таваҷҷӯҳи хос дода шудааст, ки гуфта буд, ягон давлат наметавонад, бо мақсади густариши демократия биниши худро ба давлати дигар таҳмил кунад. Тошканд ин нуктаро солим ва воқеъбинона номидааст.

Баёнияи хабаргузории давлатии Узбакистон дар ҳоле нашр мешавад, ки муносибатҳои Тошканд ва Иёлоти Муттаҳида пас аз ихроҷи пойгоҳи нерӯҳои Амрико аз Қаршии Узбакистон ба сардӣ гароида, пас аз сари кор омадани ҳукумати Обама талошҳои тармими ин равобит ба мушоҳида мерасад.

Аз ҷумла пас аз эълони баста шудани пойгоҳи нерӯҳои Амрико дар "Манас" фармондеҳи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар Ироқ ва Афғонистон дар моҳи феврали соли равон бо президенти Узбакистон, Ислом Каримов мулоқот кард ва ризоияти ӯро ба транзити колои ғайринизомии Амрико ба Афғонистон аз тариқи Узбакистон ҳосил намуд.

Дар пасманзари ин хабарҳо ҳатто аз эҳтимоли дубора дар Узбакистон ҷобаҷо шудани пойгоҳи ҳарбии Амрико низ баҳсу ҳадсҳое садо доданд.
XS
SM
MD
LG