Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон хабари гуфтугӯ аз "Манас"-ро рад кард


Сарвазири Қирғизистон, Игор Чудинов.
Сарвазири Қирғизистон, Игор Чудинов.

Игор Чудинов, нахуствазири Қирғизистон, рӯзи чоршанбе даъвоҳои Пентагонро рад кард ва гуфт, ки дар мавриди тамдиди мӯҳлати истиқрори нерӯҳои ИМА дар пойгоҳи "Манас"-и кишвараш ягон музокирот бурда намешавад.

Вай афзуд, дар бораи бекор карда шудани шартномаи миёни Қирғизистон бо ИМА қонун мавҷуд аст ва касе ба ин қонун тағйироте ворид накардааст ва гуфтугузорҳо дар бораи тамдид шудани мӯҳлати истиқрори нерӯҳои низомии ИМА дар майдони ҳавоии "Манас" ғайр аз овозаҳои беасос аст.

Бар асоси шаҳодати нахуствазири Қирғизистон, нахуствазири Қирғизистон, вай аз гуфтушуниди расмии мақомоти кишвараш бехабар аст.

Ин дар ҳолест, ки сухангӯи Пентагон Ҷефф Моррелл гуфтааст, ИМА дар музокирот бо Қирғизистон ҷиҳати истифодаи пойгоҳи низомии «Манас» ба дастовардҳо ноил шудааст. Ба қавли Ҷефф Моррелл, дар ин маврид онҳо муваффақ хоҳанд шуд.

Омурбек Текебоев, раиси ҳизби мухолифин - "Ота Макон", мегӯяд, тибқи маълумоте, ки дар даст дорад, мӯҳлати ҳузури нерӯҳои ИМА дар пойгоҳи «Манас» боз барои се сол тамдид шудааст. Ба эътиқоди ӯ, дар тамдиди мӯҳлати ҳузури низомиёни худ Амрико як миқдор маблағ харҷ кардааст.

Ёдовар мешавем, ки пойгоҳи низомии «Манас» декабри соли 2001 тибқи мандати СММ барои пуштибонӣ аз амалиёти нерӯҳои эътилофи зидди террор дар Афғонистон ифтитоҳ шудааст. Ин пойгоҳ дар ҳамин ҳол 224 ҳектарро ишғол мекунад. Дар ин пойгоҳи низомӣ беш аз ҳазор низомии ИМА ва кишварҳои узви эътилофи зидди террор мустақаранд.

Раисиҷумҳури Қирғизистон моҳи феврали соли равон ҳангоми боздид аз Маскав эълон кард, ки пойгоҳи «Манас»-ро мебандад. Тибқи қонуни тасвибшуда дар ин маврид, низомиёни эътилофи зидди террор то 20 августи соли равон пойгоҳи «Манас»-ро тарк хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG