Пайвандҳои дастрасӣ

Хоманеӣ бори дигар ба Ғарб ҳушдор дод


Раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманеӣ кишварҳои Ғарбро аз “паёмадҳои ногувор”-и сиёсаташон дар қиболи Теҳрон ҳушдор дод. Ба гуфтаи ӯ, сиёсати феълии ин кишварҳо “мудохила ба умури Эрон” аст. Аммо дар як суханронӣ аз тариқи телевизиони давлатӣ оятуллоҳ Хоманеӣ аз ягон кишвари мушаххас ном набурд. Қаблан мақомоти Эрон дар пуштибонии мухолифин, ки алайҳи натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурӣ тазоҳурот доир карда буданд, қабл аз ҳама, ИМА ва Бритониёро айбдор карда буданд. Онҳо рӯзҳои гирдиҳамоиҳои мухолиифн бо иттиҳоми таҳрик ба тазоҳурот 9 корманди эронитабори сафорати Бритониёро боздошт карда буданд.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи вазорати умури хориҷаи Бритониё, боз як тан аз ин кормандони боздоштшудаи сафорати Бритониё дар Теҳрон раҳо карда шуд. Қаблан мақомоти Эрон ҳафт нафари онҳоро раҳо карда буданд. Айни ҳол фақат корманди бахши таҳлилии сафорати Бритониё, ки низ шаҳрванди Эрон аст, дар боздоштгоҳ ба сар мебарад. Вакили мудофеъи ӯ гуфт, ки мақомот мехоҳанд ин корманди сафоратро ба додгоҳ бикашанд. Вазорати умури хориҷии Бритониё изҳор намуд, ки музокирот дар робита ба раҳоии охирин корманди сафорати кишвар дар Теҳрон идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG