Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ марги Беназир Бҳутторо таҳқиқ мекунад


Фаъолияти гурӯҳе, ки бо як супориши СММ масъули таҳқиқи ҳодисаи куштори нахуствазири пешини Покистон Беназир Бҳутто шудааст, имрӯз шурӯъ шуд. Сухангӯи СММ дар Покистон гуфт, ки комиссиюни мазкур бояд аз Покистон дидан кунад, ҳарчанд таърихи дақиқи ин сафар мушаххас нест. Сафири Чилӣ дар СММ Ҳералдо Муноз раҳбарии шашмоҳаи гурӯҳи тафтишотиро ба ӯҳда мегиард, ки бояд ҳодисаи террори Беназир Бҳутторо дар декабри соли 2007 таҳқиқ кунад. Дар куштори Бҳутто мақомот Байтулло Маҳсуд, раҳбари Толибон дар Вазиристони Ҷанубиро муттаҳам кардаанд.
XS
SM
MD
LG