Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари Аҳмадинажод ба Либия мутаваққиф шуд


Мақомоти Эрон гуфтанд, ки раиси ҷумҳурӣ Маҳмуди Аҳмадинажод сафари худро ба Либия барои ширкат дар нишасти Иттиҳодияи Африқо мутаваққиф кард. Дафтари Аҳмадинажод дар ташреҳи ин тасмим, ки дар шабу рӯзи афзоиши таниш бар сари интихоботи баҳсбарангези раёсатҷумҳурии рӯзи 12 июн гирифта мешавад, ҳеҷ тавзеҳи дигар надод. Раиси полиси Эрон Аҳмади Муқаддам имрӯз гуфт, ки дар хушунатҳои баъдиинтихоботӣ 20 "ошӯбгар" кушта ва ҳазор нафар боздошт шуданд.
Дар ҳамин ҳол, мақомот нашри рӯзномаи ислоҳталабон "Эътимоди миллӣ"-ро мутаваққиф карданд. Ин амал баъди он сурат гирифт, ки Меҳдии Каррубӣ, номзади мағлубшуда гуфт, ки интихоби дубораи Аҳмадинажодро эътироф нахоҳад кард. Каррубӣ дирӯз гуфт, ки ҳукумати Аҳмадинажод ғайриқонунӣ аст. Рӯзи душанбе Шӯрои нигаҳбон баъди ҳисоби дубораи 10 дар сади раъйҳои интихобкунандагон, ки аз ҷониби мухолифин дар тақаллуб муттаҳам мешуд, пирӯзии Аҳмадинажодро ҳамчун як амали қонунӣ тасдиқ кард.
XS
SM
MD
LG