Пайвандҳои дастрасӣ

Раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама ва сарвазири Олмон, Ангела Меркел, ояндаи равобит бо Русияро баррасӣ карданд.

Нашрияҳо онро як навъ омодагии ду раҳбар ба вохӯриҳои ҷудогонаашон бо президенти Русия, Дмитрий Медведев, дар моҳи июл номиданд.

Интизор меравад, сафари нахустини Барак Обама ба Маскав аз 6 то 8 июл сурат бигирад. Ангела Меркел бо Дмитрий Медведев 16 июл
Ман бовар дорам ки бӯҳрони Гурҷистон дар моҳи августи соли гузашта, дар як маънии муайян, барои сиёсати хориҷии Олмон “чароғи нурафшоне” гашт...
дар шаҳри Мюнхени Олмон мулоқот хоҳад кард.

Ин мулоқотҳо дар ҳоле баргузор хоҳанд шуд ки Обама хостори азсаргирии муносибатҳои кишвараш бо Русия мебошад.

Ба ақидаи таҳлилгарон Олмон, ки ҳампаймони таърихии Маскав маҳсуб мешавад, метавонад ба ин талошҳои Кохи сафед мусоидат кунад, аммо ихтилофи назарҳо дар мавриди бӯҳрони саросарии молӣ, сарнавишти боздоштшудагони Гуантанамо ва дигар масъалаҳои мубрам миёни Обама ва Меркел рахнае эҷод кардааст, ки Москав мехоҳад аз он истифодаи сӯ кунад.

Дар ҳафтаҳои гузашта Кремл ба такрор ҳамбастагии худро ба Олмон таъкид кард.

Зимни сафари вазири умури хориҷии Олмон, Франк Волтер Штейнмайер, дар аввалҳои моҳи ҷорӣ вай мебоист танҳо бо ҳамтои русаш Сергей Лавров гуфтушунуд анҷом медод, аммо ҳамагӣ як соат қабл аз бозгашташ барояш дидорҳои ҷудогона бо Дмитрий Медведев ва нахуствазир Владимир Путин ташкил карданд.

Раиси бахши берлинии Пажӯҳишгоҳи Бунёди Маршал, хонум Констанс Штелзенмюллер, бар ин аст ки аз ин роҳ Маскав ба Олмон изҳори муҳаббат кардааст.

Ва кор танҳо бо ин анҷом намешавад. Дар тӯли чанд моҳи ахир Олмон ва Русия чанд қарордодӣ ғайриоддии ҳамкории иқтисодиро ба имзо расониданд. Берлин бо Маскав дар бахшҳои интиқоли газ, энержии атомӣ, мошинсозӣ ва ғайра ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Аммо хонум Штензенмюллер ҳадс зад, ки дар воқеъ Олмон аломати “муҳаббати” Русияро рад карда истодааст: “Ман бовар дорам ки бӯҳрони Гурҷистон дар моҳи августи соли гузашта, дар як маънии муайян, барои сиёсати хориҷии Олмон “чароғи нурафшоне” гашт. Барои ба амал омадани пайомадҳо чанд моҳ зарур шуд, аммо ин пайомадҳо рух додаанд. Дар нисбати изҳоротҳо ва сиёсати хориҷии Русия, ки агар ҳуҷумкунанда нагӯем хеле вокунишдор аст, дилсардӣ мушоҳида мешавад. Возеҳ аст ки русҳо бозии бесамарро пеш гирифтаанд.”

Вай афзуд, ки баъд аз он воқеъаҳо муносибатҳои Русияву Олмон каме ба сардӣ гароидааст.

Берлин ошкоро аз таҳдидҳои Медведев дар бораи ҷойгиркардани мушакҳо дар Аврупоро ҳамчун посух ба нақшаи амрикоии истиқрори сипари зиддимушакӣ дар Лаҳистону Ҷумҳурии Чех интиқод кард.

Дигар аломати чунин сардӣ гуфт Штелзенмюллер ин боздиди Штенймаейр аз дафтари рӯзномаи мустақили “Новая газета” ва вакили дифоъи Михаил Ходорковский мебошад. Аммо на ҳама бо ин гуфта розианд.

Владислав Белов мутахассис дар умури Олмон аз Академияи улуми Русия гуфт, миёни ин ду кишвар мушкилиҳои воқеъӣ вуҷуд надорад.

Вай афзуд, барои аз байн бурдани симои душманомези Русия аз нигоҳи Ғарб, Берлин дар ҳақиқат беҳтарин шарик аст. Пеш аз ҳама, мегӯяд таҳлилгар, ин равобит дар асоси ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бунёд шудааст.

Берлин омодааст аз дигар роҳҳо низ бо Русия ҳамсозӣ кунад. Масалан, Олмон аз чанд пешниҳоди Маскав пуштибонӣ кард. Аз ҷумла пешниҳоди Медведев дар бораи сохтори нави амниятии Авроатлантикӣ ва қоидаҳои нави содироти энержӣ барои Иттиҳоди Аврупо.

Иттиҳод гуфт, ба қабули қоидаҳои нав омода нест, аммо сухангӯи вазорати умури хориҷии Олмон ишора намуд, ки Берлин ҳозир аст, пешниҳоди Медведевро баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG