Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оғози муҳокимаи зиндониёни Гуантанамо дар ИМА


Шаҳрванди Танзания Аҳмад Халфан Гелонӣ дар ширкат дар бомбагузориҳои сафоратҳои Амрико дар соли 1998 муттаҳам мешавад

Шаҳрванди Танзания Аҳмад Халфан Гелонӣ дар ширкат дар бомбагузориҳои сафоратҳои Амрико дар соли 1998 муттаҳам мешавад

Нахустин зиндонии боздоштгоҳи Гуантанамо, ки барои муҳокима ба додгоҳӣ Амрико оварда шуд, худро бегуноҳ эълом намуд.

Шаҳрванди Танзания Аҳмад Халфан Гелонӣ, ки дар ширкат дар бомбгузориҳои сафоратҳои Амрико дар соли 1998 муттаҳам мешавад, ба қозии додгоҳи федералии Ню Йорк гуфт, ки “худро гунаҳкор намеҳисобад”.

Гелониро дар анҷоми ҳамлаҳо бо истифодаи бомба ба сафоратҳои Амрико дар шаҳрҳои Доруссаломи Танзания ва Найробии Кения дар таърихи 7 августи соли 1998 муттаҳам медонанд. Гелонӣ дар қатори дигар боздоштшудагони “аслӣ” аз сентябри соли 2006 дар зиндони Гуантанамои Куба нигаҳдорӣ мешуд.

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ҳоло дар ҷараёни маъракаи интихоботиаш борҳо таъкид дошт, ки мехоҳад, боздоштгоҳи Гуантанаморо бубандад ва дар ниҳоят баъд аз ба Кохи Сафед омаданаш январи соли ҷорӣ дастур дод, ки ин боздоштгоҳ бояд дар давоми як сол барҳам дода шуда, ояндаи маҳбусинро додгоҳҳои ИМА муайян кунанд.

Аз оғози ҷанг бар зидди терроризм дар соли 2001 гумонбарон дар терроризмро ба ин пойгоҳи низомии амрикоӣ аз саросари ҷаҳон меоварданд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар аз вазъи боздоштшудагони ин зиндон аз аввалин рӯзҳои ташкилёбиаш дар ташвиш буда, мақомоти Кохи Сафедро дар нақзи ҳуқуқи инсон муттаҳам мекарданд.

Бо гузашти замон ва бо эътирофи худи Барак Обама, Гуантанамо ба рамзи беадолатӣ ва тарзҳои дурушти бозҷӯии боздоштшудагон табдил ёфт. Ба ақидаи президенти Амрико, имрӯз Гуантанамо дар ҷанг алайҳи терроризм нақши манфӣ иҷро мекунад ва ифротгароён ин рамзро барои ҷалби бештари тарафдоронашон истифода мебаранд.

Бино бар тарҳи қатъи фаъолияти боздоштгоҳ, баъзе аз маҳбусинро мебоист ба кишварҳои дигар мефиристоданд, аммо на ҳамаи кишварҳо барои овардани гумонбарон ба терроризм ба қаламравашон иҷозат медиҳанд ва гуфтушунудҳои мушкили Кохи Сафед бо он кишварҳо идома дорад.

Ин дар ҳолест, ки комисари Шӯрои Аврупо дар умури ҳуқуқи башар Томас Ҳаммерберг гуфтааст, ки тақрибан 50 боздоштшуда имкони баргашт ба ватанро надоранд, чунки онҳо ё шаҳрванди ягон кишвар нестанд, ё ин ки дар кишварҳояшон ҳуқуқҳои инсон риоя намешаванд ва эҳтимол дорад, ки онҳо мавриди азобу шиканҷа қарор бигиранд.

Ҳаммерберг дар номааш ба 47 кишвари аврупоӣ навиштааст, ки ин боздоштшудагон аз Алҷазоир, Чин, Фаластин, Русия, Сурия, Тоҷикистон, Тунис ва Узбекистон буда бидуни шубҳа ба ҳимояти байнулмилалӣ ниёз доранд.

Ҳафтаи гузашта 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо розӣ шуданд, маҳбусини Гуантанаморо бипазиранд. Баъзе кишварҳо ҳозиранд, шаҳрвандони худро қабул кунанд. Албания, Фаронса, Шведсия ва Британиё ҳатто омодаанд, шаҳрвандони дигар кишварҳоро низ бипазиранд.
XS
SM
MD
LG