Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико имрӯз дар Фаронса дар маросими таҷлили 65-умин солгарди таҷлили Рӯзи Ғалаба ширкат мекунад, ки таҳти унвони Ди Дей шинохта шудааст.

Амалиёти якҷояи нерӯҳои эътилофӣ дар 65 соли пеш дар амри шикаст додани нерӯҳои Олмони фашистӣ ва хотимаи Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум кӯмак кардааст.

Барак Обама дар маросими таҷлили ҷашн дар шаҳри шимолии Канни Фаронса ба Никола Саркозӣ, раисиҷумҳури ин кишвар, пайваста ва бо ӯ мулоқот ҳам мекунад. Баъд аз ин ӯ дар маҳалли оромгоҳе суханронӣ хоҳад кард, ки 65 соли пеш сарбозони зиёди Амрико дар онҷо ҳалок шуданд.

Чаҳоруми июни соли 1944 нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида, Бритониё ва Канада ва нерӯҳои дигар дар соҳилҳои Нормандияи Фаронса фуруд омада ва дар ҷанг ба зидди нерӯҳои фашистӣ кӯмак карданд. Амалиёти муштараки нерӯҳои иттифоқӣ ба ақибнишинии нерӯҳои фашистӣ аз Аврупои Ғарбӣ оғоз бахшид ва ба хотимаи Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум, дар як соли баъд мусоидат кард.

Дар амалиёти Нормандия ва дар Рӯзи Ғалаба нерӯҳои эътилофӣ 215 ҳазор сарбози худро талаф доданд. Акнун сокинони Нормандия, кӯчаҳои худро бо парчамҳои Амрикову Фаронса оро додаанд.

Силвайн яке аз сокинони шаҳри Кан, ки дар маросими адои савганди Барак Обама дар Вашингтон ҳузур доштааст, мегӯяд, хушҳол аст, ки имкон дорад, раисиҷумҳури Амрикоро дар кӯчаҳои зодгоҳаш бубинад.

Силвайн мегӯяд, «барои ман ин шанси бисёр бузург аст, ки раиси ҷумҳури Амрикоро дар Кан бинам ва ман ҳеҷ гоҳ тассавур намекардам, ки вай ба шаҳри Кан меояд. Ин як фурсати бисёр хуб аст ва барои ҳамин ман ба инҷо омадам то ӯро бубинам».

Ҳазорон собиқадор ва ҳамчунин Гордон Бровн ва Стефан Ҳарпер нахуствазирони Бритониё ва Канада ва Шоҳзодаи Чарлз дар маросими мазкур ширкат меварзанд. Бобокалони Барак Обама, Чарлӣ Пейнеи 84-сола, ки барои озод кардани ӯрдугоҳи фашистон дар Бухенвалд, дар Олмон кӯмак кардааст, барои ширкат дар таҷлили Рӯзи Ғалаба ба Нормандия омадааст.

Барак Обама пеш аз омадан ба шаҳри баъди Париж дар Олмон сафари кӯтоҳе дошт ва бо Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, аз ӯрдугоҳи консентратсионии Бухенвалд дидан кард. Пештар аз ин Барак Обама дар Арабистони Саудӣ ва Миср буд ва дар шаҳри Қоҳира хостори оғози наве миёни Амрико ва ҷаҳони ислом шуд.

Пас аз ширкат дар таҷлили Рӯзи Ғалаба, Барак Обама бо ҳамсараш Мишел ва духтаронаш Малия ва Саша ба шаҳри Париж ва сипас ба Амрико бармегарданд.
XS
SM
MD
LG