Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теҳрон - шаҳри маъмурони амниятӣ


Мақомоти амниятии Эрон барои монеъ шудан ба идомаи тазоҳурот дар шаҳри Теҳрон тадобири шадиди амниятиеро рӯи даст гирифтаанд. Садҳо нафар аз пулиси зидди шӯриш ва дигар нерӯҳои амниятӣ аз рӯзи сешанбе то кунун монеъи баргузории тазоҳурот ба зидди натиҷаҳои интихобот шуданд. Мухолифини ҳукумат мегӯянд, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳури 12 июн тақаллуби густурдае сурат гирифтааст. Шӯрои Нигаҳбон - олитарин ниҳоди қонунгузори Эрон талаби мухолифин барои баргузории интихоботи навро рад кардааст, вале Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ раҳбари олии Эрон ба Шӯрои Нигаҳбон панҷ рӯзи дигар мӯҳлат додааст, то шикоят аз тақаллубкориҳоро таҳқиқ кунад. Дар як баёнияи тундлаҳне дар рӯзи сешанбе, Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико гуфт, аз амалкардҳои давлати Эрон дар тазоҳуротҳои ахир ба хамш омадааст.
XS
SM
MD
LG