Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагиҳо барои фуруд дар курраи Моҳ


НАСА - Оҷонси Кайҳоншиносии Амрико, дар бештар аз як даҳсолаи ахир нахустин бор ду фазонаварди таҳқиқотиеро ба Моҳ фиристод. Ҳарду ин фазонаварди бесарнишин аз пойгоҳи Канаверал дар аёлати Флоридаи Амрико рӯзи панҷшанбе ба кайҳон партоб шуданд, ки ҳадафи ниҳоӣ аз ин маъмурият, баргардони кайҳоннавардони Амрико ба Моҳ дар соли 2020-ум аст. Яке аз онҳо "Мадори Иктишофии Моҳ" унвон дорад, ки сатҳи ин курраро моҳро нақшабардорӣ мекунад, то ҷой барои фуруди киштиҳои кайҳонӣ ва ё таъсиси эҳтимолии пойгоҳ дар Моҳро пайдо намоянд. Абзори дуввуми иктишофӣ моҳи октябр ба Моҳ бармехӯрад, то аз чангу гарди бархоста, аломатҳои мавҷудияти ях дар ҳамсафари зебои курраи Заминро пайдо кунанд.
XS
SM
MD
LG