Пайвандҳои дастрасӣ

"Питсбург Пингвинз" ҷоми Стенлиро ба даст овард


Тими “Питсбург Пингвинз” ҷоми Стенлӣ, мӯътабартарин ҷоизаи НҲЛ, лигаи хоккейи Амрикои шимолиро ба даст овард. Дар мусобиқоти НҲЛ тимҳои Амрикову Канада ширкат мекунанд. “Питсбург” дар рақобати ниҳоӣ тими “Детройт Ред Винз”-ро шикаст дод. Бозии ҳафтуми ин ду тим дар рақобати ниҳоӣ рӯзи ҷумъа дар Детройт бо пирӯзии “Питсбург” бо натиҷаи 2 бар 1 анҷом ёфт. Гуфтанист, ки “Питсбург Пингвинз” соли гузашта дар рақобати ниҳоӣ маҳз аз “Детройт” шикаст хӯрда буд.
XS
SM
MD
LG