Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баррасии масъалаи интихоботи Тоҷикистон


Жуа Шуарес – раиси Маҷмаъаи Порлумонии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бо мақомоти Тоҷикистон масъалаи ҳузури нозирони ин созмон дар интихоботи порлумонии соли ояндаро баррасӣ кардааст. Ба иттилоъи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, Жуа Шуарес дирӯз доир ба ин масъала бо Ҳамроҳхон Зарифӣ - вазири умури хориҷа сӯҳбат доштааст. Интихоботи ояндаи порлумонӣ дар Тоҷикистон моҳи феврали соли 2010 баргузор мешавад. Жуа Шуарес, ки дирӯз аз Қирғизистон вориди Душанбе шуд, аз мақомоти Қирғизистон хост, то интихоботи раёсати ҷумҳури рӯзи 23 июлро шафофу одилона баргузор кунанд.
XS
SM
MD
LG