Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррозо хостори дар маснад боқӣ мондан аст


Раиси Комиссиюни Аврупо Жозе Мануэл Баррозо мехоҳад номзади худро барои ишғоли ин мақом боз дар панҷ соли дигар пешбарӣ кунад. Дар ин бора ӯ дар нишасти хабарӣ дар Брюсел иттилоъ дод. Жозе Мануэл Баррозо, сарвазири собиқи Португалия, аз моҳи ноябри соли 2004 ба ин сӯ раёсати Комиссиюни Аврупо – ниҳоди иҷроияи Иттиҳодияи Аврупоро дар дӯш дорад. Аз нигоҳи коршиносон, пирӯзии нерӯҳои ростумарказгаро дар интихоботи ахир ба Парлумони Аврупо шонсҳои Баррозо барои дубора дар ин маснад интихоб шуданро бештар намуд.
XS
SM
MD
LG