Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5-донишҷӯи тоҷик аз Миср хориҷ мешаванд


Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба матбуъоти маҳаллӣ хабар додааст, ки 5 нафар донишҷӯёни тоҷик аз Миср ихроҷ хоҳанд шуд. Сабаб ин будааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муқаррароти иқомат дар ин кишвари арабиро риъоят накардаанд. Онҳо дар ҷараёни амалиёти боздошти муҳоҷирони ғайриқонунӣ шаби 26-ӯм ба 27-ӯми май дар маҳаллаи донишгоҳи "Ал Азҳар" боздошт шудаанд. Нируҳои интизомӣ дар ҷараёни ин амалиёт 150 шаҳрванди хориҷӣ , аз ҷумла 15 шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт карданд. 27-ӯми май 6 шаҳрванди Тоҷикистон ва 30-юми май чаҳор нафари дигари онҳо раҳо шуданд.
XS
SM
MD
LG