Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Покистон Мингораро таҳти назорат қарор дод


Низомиёни покистонӣ изҳор намуданд, ки бузургтарин шаҳри водии Свот, воқеъ дар шимолу ғарби кишварро таҳти назорат қарор доданд. Тибқи хабарҳо, артиш мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон”-ро аз шаҳри Мингора асосан берун кард ва аммо дар маҳаллаҳои канори шаҳр даргириҳо ҳанӯз ҳам идома дорад. Амалиёти густардаи низомӣ алайҳи шӯришиён дар водии Свот як моҳ қабл баъди он шурӯъ шуд, ки толибон талош карданд то минтақаи таҳти нуфузи худро густариш диҳанд.
Дар ҳамин ҳол ахиран мақомоти Покистон қимати ҷоиза барои боздошти раҳбари яке аз гурӯҳҳои ҷунбиши “Толибон” Мавлоно Фазлуллоҳро, ки дар водии Свот алайҳи нерӯҳои ҳукуматӣ меҷангад, даҳ баробар афзоиш доданд. Акнун барои ҷасади зинда ё беҷони Мавлоно Фазлуллоҳ 600 ҳазор доллар пардохт мешавад. Изҳорот дар ин бора баъди он пахш гардид, ки мусаллаҳони мухолифи ҳукумат таҳдиди инфиҷору ҳамлаҳои нав ба шаҳрҳои Покистонро карданд. Рӯзҳои ахир бар асари ҳамлаҳои террористӣ дар шаҳрҳои Пешовар ва Лоҳур беш аз 30 нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG