Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркази дигари шӯришиён дар Свот поккорӣ шуд


Низомиёни Покистон мегӯянд, сарбозони онҳо деҳи Пиочар-яке дигар аз марказҳои шӯришиёнро дар водии Свот поккорӣ кардаанд ва дар 24 соати ахир 28 шӯришӣ кушта шудаанд. Ин маълумотро манобеъи мустақил таъйид накардаанд, зеро низомиён рафту омад ба ин минтақаро мамнуъ эълон кардаанд. низомиён мегӯянд, аз оғози амалиёт бар зидди шӯришиён 1 200 нафар шӯришӣ кушта шудаанд, вале дар бораи куштори аҳолии маҳаллӣ камтар хабар дода мешавад.
XS
SM
MD
LG