Пайвандҳои дастрасӣ

Санҷиши забондонии номзадҳо ба мақоми президент


Тухтаойим Уметалиева, номзади ягона ба мақоми раёсатиҷумҳури Қирғизистон аз байни занҳост, ки рӯзи ҷумъа аз санҷиши забони давлатӣ гузашт.

Иншои хонуми Уметалиеваро ҳашт узви комиссияи забони давлатӣ ғайриқаноатбахш шумурданд, вале баҳои умумии ҳайати комиссияи забони давлатӣ ин номзади ягона аз байни занҳоро наҷот бахшид ва ба вай имкон доданд, ки сабқатро идома диҳад.

Бояд гуфт, даъвогарони мақоми президентӣ ба аъзои нӯҳнафарии комиссияи забони давлатӣ собит мекунанд, ки забони қирғизиро мукаммал медонанд. Онҳо ба се саволи пешниҳодшуда дар муддати 45 дақиқа посухи даҳонӣ ва хаттӣ медиҳанд. Қурмонбек Боқиев - раиси ҷумҳури вақти Қирғизистон, Алмосбек Атамбоев - собиқ нахуствазир, Темир Сариев - раиси ҳизби «Ақ Шумқор» ва боз чаҳор номзади дигар аз санҷиши забони давлатӣ гузаштанд ва муборизаро барои ишғоли курсии раёсати ҷумҳури кишварашон идома хоҳанд дод.

Маросими санҷиши забони давлатӣ дар бинои ҳукумати ин кишвар сурат гирифта, аз тариқи шабакаи аввали ширкати садову симо мустақим намоиш дода мешавад.

Ба гуфтаи Тошбой Ҷумъагулов, раиси комиссияи забони давлатии Қирғизистон, аз имтиҳони забони давлатӣ гузаштани даъвогарони курсии президентӣ дар кишвараш соли 2000-ум шурӯъ шудааст. Тошбой Ҷумъагулов мегӯяд, ки даъвогарон бори нахуст соли 2000-ум аз санҷиши забони давлатӣ гузаштанд, дар интихоботи президентии соли 2005 имтиҳони дуввуми забони давлатӣ баргузор шуд. Вай афзуд, ки бори севвум аст, ки номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳури Қирғизистон аз санҷиши забони давлатӣ мегузаранд.

Ба гуфтаи иддае аз ҳамсӯҳбатони мо, аз тариқи шабакаи телевизионӣ мустақим намоиш додани ҷараёни имтиҳони забони давлатӣ шаҳодат медиҳад, ки Қирғизистон ба арзишҳои демократӣ арҷ мегузорад. Ба гуфтаи ин манобеъ, вале аз номзадҳо бояд пурсида шавад, ки забони расмии Қирғизистон, яъне забони русиро низ медонанд ё на.

Аммо Алмосбек Атамбоев ҷорӣ намудани имтиҳони забони давлатиро як қадами басо муҳим дар афзоиши нуфузи забони қирғизӣ арзёбӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, солҳои дарозмуддат забони қирғизӣ эътибори худро аз даст дода буд.

Асия Сасиқбоева, раҳбари созмони ғайридавлатии «Интербилим», имтиҳони забони давлатиро нақзи ҳуқуқи даъвогарони мақоми президентӣ хондааст. Ба гуфтаи Асия Сасиқбоева, дар замони президенти собиқ Аскар Оқоев аз санҷиши забони давлатӣ ба хотири рафъи мухолифони вай кор мегирифтанд.

Аммо Назира Тошхоҷаева, як коршиноси мустақили қирғиз, ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ дар ин маврид гуфт, президент шахсест, ки ҳамеша аз тариқи шабакаҳои телевизиёну радио ва дар байни мардуми зиёд сухан мегӯяд, аз ин лиҳоз президенти оянда бояд аз ин гуна санҷиш бигзарад. Назира Тошхоҷаева афзуд, ки агар президент соҳиби нутқи равон бошад, тарафдорони бештар пайдо мекунад. Ба ақидаи ин ҳамсӯҳбати мо, ҳатто баъди тамошои ҷараёни имтиҳонсупорӣ вай аллакай дақиқ намуд, ки аз кадом номзад пуштибонӣ хоҳад кард.

Коршиноси қирғиз ҳамчунин тазаккур дод, ки роҳҳои алтернативии аз санҷиши забони давлатӣ гузаронидани даъвогарони курсии президентӣ мавҷуд аст, вале вақте ки президенти оянда дар пеши назари мардум аз санҷиш мегузарад, бидуни иштибоҳи ӯ самарии он бештар хоҳад буд. Ба гуфтаи Назира Тошхоҷаева, агар санҷиши забони давлатиро сарфи назар кунанд, он гоҳ афроди зиёд дар кишвараш ба мақоми президентӣ даъвогарӣ хоҳанд кард.

Ногуфта намонад, ки боз чаҳор даъвогар ба мақоми раёсати ҷумҳури Қирғизистон аз забони давлатӣ имтиҳон месупоранд. Аъзои комиссияи забони давлатӣ то ин замон ба ягон номзад баҳои манфӣ нагузоштаанд, вале маълум нест, ки даъвогарони боқимонда то чи андоза забони модарии худро медонанд ва ё аз супурдани имтиҳон саркашӣ менамоянд.
XS
SM
MD
LG