Пайвандҳои дастрасӣ

Нуҳумин номзад ба мақоми президенти Қирғизистон


Темир Сариев, раҳбари ҳизби «Ақ Шумқор»

Темир Сариев, раҳбари ҳизби «Ақ Шумқор»

Қарор аст, ки Темир Сариев, раҳбари ҳизби «Ақ Шумқор», дар интихоботи президентии ҷумҳурии Қирғизистон аз номи ин ҳизб даъвогарӣ хоҳад кард.

Дар анҷумани навбатии ҳизб вай гуфт, ҳизби сиёсие, ки дар интихобот номзади худро пешбарӣ накунад ва аз мавқеи худ дифоъ нанамояд, ба ҳеҷ кас даркор нест. Вай афзуд, ҳизби «Ақ Шумқор» дар муддати се соли фаъолият ба ҳизби нерӯманди сиёсӣ табдил ёфт ва мардуми зиёд аз ин ҳизб пуштибонӣ хоҳанд кард.

Ба таъкиди Темир Сариев, дар ҳамин ҳол дар Қирғизистон ба устувории сиёсат эътимод намондааст, аз ин лиҳоз аъзои ҳизби «Ақ Шумқор» бояд ба ҳар гуна муборизаҳои сиёсӣ омода бошанд ва ин муборизаро то охир давом диҳанд.

Аммо Уран Рисқулов, як иштирокчии анҷумани ҳизби «Ақ Шумқор», ки гуфта мешавад, ба ҳайси меҳмон даъват шудааст, зимни суханронӣ аз Темир Сариев даъват кард, ки аз пешбарии номзади худ ба интихоботи президентии 23 июл даст кашад. Ба гуфтаи Уран Рисқулов, вай ҳамфикру ҳаммаслаки Темир Сариев аст, аммо аз Темир Сариев даъват мекунад, ки дар интихоботи президентии 23 июл ширкат нанамояд ва ҳизби ӯ интихоботи дар пешистидаро бойкот эълон кунад.

Уран Рисқулов далел овард, ки интихоботи қарибулвуқуи президентӣ бар хилофи Қонуни асосии кишвараш баргузор хоҳад шуд. Бино ба шаҳодати ӯ, мувофиқи Қонуни асосии кишвараш, интихоботи президентӣ бояд якшанбеи охири моҳи октябри соли равон баргузор шавад. Уран рисқулов ҳамчунин таъкид кард, онҳое, ки бо низоми вақти кишвараш дар мухолифат қарор доранд, бо ширкати худ дар интихоботи президентии 23 июл ҳам худашон ва ҳам ҳаммаслакони худро фиреб хоҳанд дод.


Дар ҳамин ҳол Алмосбек Атамбоев, номзади ягона аз ҷунбиши иттиҳоди мардумии Қирғизистон, ба нашрияи электронии Фергана.ру гуфтааст, ки пешбарии номзади Темир Сариев ба мақоми раисҷумҳури кишвараш тибқи дархости дастандаркорони ҳукумат сурат гирифтааст.

Иддае аз коршиносони масоили сиёсӣ низ тахмин мезананд, ки ин иқдоми Темир Сариев ва ҳизби ӯ дар миёни мухолифони президент Боқиев ихтилофи зиёдеро рӯи кор хоҳад овард.

Ёдовар мешавем, ки ҳизби «Ақ шумқор» пеш аз интихоботи порлумонии соли 2007 бо ибтикори Қувватбек Бойболов, яке аз мухолифони Боқиев, таъсис ёфтааст. Аммо баъди нокомӣ дар тазоҳуроти давомдори моҳи апрели соли 2007 Қувватбек Бойболов маҷбур шуд, ки ҳизбро ҳело куна два ба хориҷа ҳиҷрат намояд.

Темир Сариев, раиси ҳизби «Ақ шумқор», ки вакилони анҷуман чоруми май вайро барои даъвогарӣ ба курсии раёсати ҷумҳури Қирғизистон номзад пешбарӣ карданд, депутати даъватҳои дуюм ва сеюми парлумони кишвараш интихоб шуда буд.

Комиссияи марказии интихобот ва баргузории референдумҳои Қирғизистон гуфтааст, дар ҳамин ҳол ҳашт шаҳрванди ин кишвар - президенти вақти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев, собиқ вазири дифоъ Исмоил Исоқов, Ҷенишбек Назаралиев, Нурлан Мотуев, Қуттибек Асалбеков, Акбаралӣ Айтикеев, Мурод Боромбоев, Алмос Фармонов мебошанд. Аммо дар миёни номзадҳои пешбаришуда номи Алмосбек Атамбоев, собиқ сарвазир ва раиси ҳизби сосиал-демократи Қирғизистон, қайд нашудааст. Комиссияи марказии интихобот муддати ниҳоии сабти номи номзадҳоро то 18 май муқаррар кардааст.
XS
SM
MD
LG