Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

18 довталаби курсии раҳбарии Қирғизистон


Алмос Атамбоев, яке аз рақибони Қурмонбек Боқиев дар интихобот
Алмос Атамбоев, яке аз рақибони Қурмонбек Боқиев дар интихобот

Мӯҳлати пешбарии номзадҳо ба интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистон шоми рӯзи душанбе, 18 май ба охир мерасад.

Бақит Ҷумъагулов, сухангӯи Коммиссияи марказии интихоботи Қирғизистон, гуфт, то кунун 18 довталаб ҷиҳати сабти номзадиашон ба ин ниҳоди масъули сабти номзадҳо ва баргузории интихобот муроҷиат кардаанд. Ин манбаъ гуфт, аз ҷумла 3 номзад, бо шумули раисиҷумҳури кунунӣ Қурмонбек Боқиев, аз ҷониби аҳзоби сиёсӣ пешбарӣ шуданд.

Бино ба гуфтаи Бақит Ҷумъагулов, ҳар довталаб бояд 50 000 имзо ҷамъ оварда, сипас аз сӯҳбати ҳайъати коммиссияи забони давлатӣ гузарад, вагарна комиссияи марказии интихобот ӯро сабти ном нахоҳад кард.

Ба гуфтаи Дуйшон Чотонов, собиқ депутати парлумони Қирғизистон, ҳар як шаҳрванд ҳаққ дорад, ки номзадиашро ба мақоми раёсати ин ҷумҳурӣ пешбарӣ кунад, вале интихоботи президентӣ кори саҳлу бозӣ нест. Дуйшон Чотонов мегӯяд, ҳарчанд ширкат дар интихоботи президентӣ маблағи бузургеро тақозо мекунад, бо ин вуҷуд як идда шахсиятҳои барои ҷомеа ношинос ҳам саъй доранд, ки дар интихобот ширкат кунанд. Вай афзуд, аммо ин афрод хеле хуб медонанд, ки ҳатто як дарсади ройҳоро ба даст нахоҳанд овард ва ҳама талошу мубориза ва хароҷоти ҳангуфти онҳо ба боди фано хоҳад рафт.

Ба ақидаи Ҷениш Аҳмадов, собиқ узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсиҳои Қирғизистон, як гурӯҳи номзадҳо иштирок дар дебатҳо аз тариқи шабакаҳои телевизиони ҷумҳуриро фақат ба хотири тарғиб ё рекламаи номи худ истифода бурданианд. Ҷениш Аҳмадов мегӯяд, шояд як гурӯҳи номзадҳо баъди таҳлили фаъолияти раиси ҷумҳур Қурмонбек Боқиев ба чунин хулоса омадаанд, ки раҳбарӣ кори миёншикане нест ва онҳо низ аз ӯҳдаи раҳбарии мамлакат ба осонӣ баромада метавонанд.

Улан Орозалиев, коршиноси масоили сиёсӣ, ки солҳои зиёд дар ҳайъати коммиссияи марказии интихобот фаъолият кардааст, мегӯяд, пешбарии баъзе номзадҳо ҳадафҳои вижаи худро дорад ва ин номзадҳо дар интихобот ба ҳайси “тахрибкор” ширкат хоҳанд кард. Улан Орозалиев гуфт, раъйе, ки ин номзадҳо ба даст меоранд, ба фоидаи номзадҳои дигар истифода бурда хоҳад шуд.

Аммо иддае аз коршиносон бар ин ақидаанд, ки мухолифони президент Боқиев дар ин лаҳзаи пурмасъулият ба иштибоҳи хеле ҷиддӣ роҳ доданд. Онҳо мегӯянд, мухолифон барои ишғоли курсии раёсати ҷумҳурӣ якбора се номзад пешбарӣ карданд ва ин парокандагӣ ба манфиати президент Боқиев хидмат мекунад.

Баъзе коршиносон поку шаффоф баргузор шудани интихоботи 23 июлро баъид медонанд ва мегӯянд, “инқилоби лолаӣ»-и моҳи марти соли 2005 дар амри ислоҳи низоми интихобот ба пешрафти қобили мулоҳизае ноил нашуд ва умури интихобот ҳамчунон дар дасти мансабдорон аст ва онҳо, ҳамон гуна ки дар даври Аскар Оқоев барои ҳифзи курсии ӯ талош мекарданд, ҳоло талош доранд, Қурмонбек Боқиевро дар мақоми президентӣ ҳифз кунанд.

Дар миёни номзадҳои пешбаришуда дар баробари президент Қурмонбек Боқиев ҳамчунин Исмоил Исҳоқов, собиқ вазири дифоъ ва дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон, Алмосбек Атамбоев, собиқ нахуствазири ин кишвар низ ҳаст, ки ҷунбиши иттиҳоди мардумӣ пешбарӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG