Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифин Атамбоевро номзад пешбарӣ карданд


Алмозбек Атамбоев, раиси ҳизби сосиал-демократ ва собиқ нахуствазири Қирғизистон
Алмозбек Атамбоев, раиси ҳизби сосиал-демократ ва собиқ нахуствазири Қирғизистон

Ҷунбиши иттиҳоди мардумии Қирғизистон номзади ягонаи худро ба мақоми раёсати ҷумҳури ин кишвар эълом дошт.

Алмозбек Атамбоев, раиси ҳизби сосиал-демократ ва собиқ нахуствазири Қирғизистон, аз номи мухолифони Боқиев дар интихобот барои ишғоли курсии раёсати ҷумҳур даъвогарӣ хоҳад кард.

Алмозбек Атамбоев гуфт, «иттиҳоди мухолифон тасмим гирифт, ки ба ҳайси номзади ягона дар интихоботи президентӣ маро пешбарӣ кунад. Ман бояд ба ин тасмим розӣ шавам ва онро иҷро кунам».

Ба гуфтаи Алмозбек Атамбоев, дар сурати ҳифзи орое, ки мардум ба ҷонибдории онҳо хоҳад дод, пирӯзии намояндагони мухолифин ҳатман таъмин хоҳад шуд. Бар асоси суханони раиси ҳизби сосиал-демократи Қирғизистон, баъди фирори раиси комиссиюни марказии интихобот қисмати аъзами одамон бар ин боваранд, ки дар кишвараш баргузории интихоботи озоду шаффоф берун аз имкон аст.

Алмозбек Атамбоев тазаккур дод, вале вай бо итминон гуфта метавонад, ки мардуми зиёд ин бор аз овозҳои худ дифоъ хоҳанд кард. Ба таъкиди оқои Атамбоев, авҷи ришватхорӣ ва дуздиву ғорати амволи давлатӣ дар кишвараш ба ҳукми анъана даромадааст. Вай афзуд, ки гузашта аз ин шикастани дасти журналистон ва ба ҳабс маҳкум кардани мухолифони сиёсӣ роҳи ҳалли масъала нест.

Омурбек Текебоев, раиси ҳизби сиёсии «Ота Макон», гуфт, ки пеш аз интихоби номзади ягона пайравони ҳизби вай дар минтақаҳои мухталифи кишвараш рейтинг ё назарпурсӣ гузаронд. Ба гуфтаи Текебоев, натиҷаи назарпурсӣ собит намуд, ки дар миёни пешвоёни оппозисиюн Алмозбек Атамбоев мақоми аввалро ишғол мекунад ва ба ин далел ҳизби «Ота макон» ба мақоми раёсати ҷумҳури кишвараш маҳз пешбарии номзади Атамбоевро пазируфт.

Вай гуфт, ин дар ҳолест, ки хоҳишмандони дигар низ буданд, ки мехостанд, номзади худро ба интихоботи президентӣ пешбарӣ намоянд. Ба таъкиди Омурбек Текебоев, дар ҳамин ҳол Алмозбек Атамбоев шонси комил дорад, ки дар интихоботи қарибулвуқӯъи президентӣ пирӯзӣ ба даст орад. Вай ба дунболи ин маъруфияти Атамбоевро яке аз омилҳои асосии пирузӣ дар интихоботи қарибулвуқӯъи президентӣ арзёбӣ кард.

Ёдовар мешавем, ки Алмозбек Атамбоев, пешвои ҳизби сосиал-демократи Қирғизистон аст. Вай баъди инқилоби 24 марти соли 2005 ва сарнагун шудани Аскар Оқоев ба ҳукумати нав шомил шуд. Гуфта мешавад, вале ба ислоҳоти пиёдакардаи ин низом мухолиф баромад ва ба истеъфо рафт. Баҳори соли 2006 ба намоишҳои эътирозии мухолифони Боқиев пайваст. Дар муддати ҳашт моҳ Алмосбек Атамбоев мақоми раиси ҳукуматро ишғол кард. Аммо ин иқдоми Алмозбек Атамбоев боиси интиқоди ҳамтоёнаш шуд ва ӯро дар хиёнат муттаҳам карданд.

Исмоил Исоқов, собиқ вазири дифоъи Қирғизистон ва яке аз мухолифони президент Боқиев, аз комиссиюни марказии интихобот дархост кардааст, ки номзадии вайро ба мақоми раёсати ҷумҳур сабти ном кунад. Аммо ба гуфтаи пешвоёни ҷунбиши иттиҳоди мардумӣ, Исмоил Исоқов дар интихоботи 23 июл ба ҳайси дублёри Алмозбек Атамбоев ширкат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG