Пайвандҳои дастрасӣ

Семинари миллӣ барои баррасии муҳоҷирати корӣ


3-юми июн дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи "Таъсири бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ба муҳоҷирати корӣ дар Тоҷикистон" семинаре баргузор мешавад. Қарор аст дар ин семинар ширкаткунандагон роҳҳои иҷоди ҷойҳои бештари корӣ ва идораи умури марбут ба муҳоҷирати кориро баррасӣ кунанд. Пешбинӣ шудааст, ки дар кори ин семинар намояндагони сафоратхонаи Русия ва намояндагони созмонҳои байналмиллалии муқими Душанбе ширкат ҷӯянд. Бино ба маълумоти мавҷуда, интиқоли пул аз муҳоҷирони кории тоҷик ба Тоҷикистон дар моҳҳои ахир нисбат ба як соли пеш камтар шудааст.
XS
SM
MD
LG