Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳон Кореяи Шимолиро маҳкум кард


Ҷомеаи байналмилалӣ озмоишҳои ҳастаӣ ва мушакии Кореяи Шимолиро башиддат маҳкум кард. Қарор аст, имрӯз Шӯрои Амнияти Созмони Милал дар нишасти изтирории худ масъалаи мазкурро баррасӣ кунад. Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико, озмоиши атомии Кореяи Шимолиро “таҳдид ба сулҳи байналмилалӣ” ва як “саркашии намоишкорона” хонд. Пан Ги Мун – дабири кулли Созмони Милал гуфт, аз ин таҳҳавулот амиқан нигарон аст ва нишасти Шӯрои Амниятро аз наздик пайгирӣ хоҳад кард. Сергей Лавров - вазири умури хориҷаи Русия, низ зимни суханронӣ дар шаҳри Бейрут гуфт, ҳукумати кишвараш аз ин хабар нигарон шудааст: "Албатта мо аз гузоришҳо доир ба таркиши атомии анҷомдодаи Кореяи Шимолӣ нигарон ҳастем." Вазорати умури хориҷаи Чин гуфт, ки мухолифи қотеъи озмоиши атомист. Ҷопон ва Иттиҳодияи Аврупо ҳам башиддат Кореяи Шимолиро барои озмоиши атомиаш интиқод карданд.
XS
SM
MD
LG