Пайвандҳои дастрасӣ

Имзои қарордоди газии Эрону Покистон


Эрону Покистон як қарордоди газиро ба имзо расонданд, ки имкони интиқоли гази эрониро ба Ҳинд ва Покистон фароҳам меорад. Хабаргузории давлатии Эрон гуфт, ки қарордод рӯзи якшанбе дар ҳошияи мулоқоти раиси ҷумҳуриҳои се кишвари ҳамсоя - Эрон, Покистон ва Афғонистон имзо шуд. Тарҳи мазкур мавсум ба "Лӯлаи сулҳ" 2700 километр дарозӣ дошта аз Эрон шурӯъ мешавад ва то Ҳинд тӯло хоҳад кашид. Ин лӯла, ки қарор аст дар панҷ сол сохтмонаш анҷом шавад, тавони рӯзона интиқол додани 150 миллион метри кубӣ газро хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG