Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳушдори "Толибон" ба ҳукумати Тоҷикистон


Раҳбарони ҷунбиши “Толибон” ҳукумати Тоҷикистонро аз паёмадҳои сангини ҳамкорӣ бо ИМА ва пуштибонӣ аз маъракаи низомӣ алайҳи шӯришиён дар Афғонистон ҳушдор доданд. Абдул Васа Оғоҷон Муҳтасим, масъули бахши сиёсии “Толибон”, дар як изҳорот тавассути шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира” гуфт, ки онҳо дар мавриди ризояти Тоҷикистон барои интиқоли борҳои ИМА ва НАТО аз тариқи қаламраваш ба Афғонистон иттилоъ гирифтаанд. Ба гуфтаи Муҳтасим, ин маънои онро дорад, ки Тоҷикистон "шарики хушунат алайҳи ислом ва кишвари ҳамсоя хоҳад шуд”. Ӯ аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кард, ки аз ҳамкорӣ бо Кохи Сафед дар ин маврид сарпечӣ кунад. Ҳамзамон Муҳтасим аз ибрози он ки дар сурати идомаи ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои ғарбӣ алайҳи ин кишвари Осиёи Марказӣ аз чӣ иқдом кор мегиранд, чизи мушаххасе нагуфтааст.
Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳукумат ба изҳороти гурӯҳҳои ғайрирасмӣ посух намегӯяд. Ӯ афзуд, ки Душанбе ба созиш оид ба интиқоли борҳои ИМА ва НАТО аз тариқи қаламраваш ба Афғонистон содиқ аст ва аммо ин раванд ҳанӯз шурӯъ нашудааст.
XS
SM
MD
LG