Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори эҳтимолии масъули ошӯби Гурҷистон


Гузоришҳо аз Гурҷистон ҳокӣ аз он аст, ки дар паи амалиёти полисе як ташкилкунандаи эҳтимолии шӯриши моҳи ҷорӣ дар пойгоҳи низомӣ кушта шуда ду нафари дигар маҷрӯҳ гардиданд. Дар тафсилоти ҳодиса гуфта мешавад ҳангоме ки полис дар паи амалиёти кофуткове дар пойтахт шаҳри Тифлис имрӯз гурӯҳи афсарони низомиро пайдо кардааст, миёни онҳо тирандозӣ сурат гирифт. Хабаргузории Ройтерс мегӯяд, ки як манбаи мӯътамад дар вазорати дохилаи Гурҷистон ҳодисаи ҳалокати Гия Криалашвилӣ ва ҷароҳати Коба Отанадзе ва Леван Амиридзеро таъйид кардааст. Ин се мард қаблан барои ташкил ва ширкат дар як ошӯби хунини кӯтоҳмуддате дар қароргоҳи баталйони тонкии нирӯҳои мусаллаҳи Гурҷистон рӯзи 5 маи имсол муттаҳам шуда буданд.
XS
SM
MD
LG