Пайвандҳои дастрасӣ

Мардуми Шри-Ланка минтақаи ҷангиро тарк карданд


Низомиёни Шри-Ланка гуфтанд, ки тамоми аҳолии осоишта маҳалли даргириҳоро тарк карданд. Сухангӯи артиш гуфт, ки дар давоми се рӯзи охир беш аз 50 ҳазор мардуми мулкӣ минтақаи ҷангро бо ситезаҷӯён холӣ карданд. Артиши Шри-Ланка мегӯяд, ки вориди марҳилаи ниҳоии ҷанги 25-сола бо ҷудоихоҳон шуда ҳоло умедвор аст, ки охирин гурӯҳҳои ситезаҷӯёнро нобуд мекунад. Низомиён аз ин пеш гурӯҳи ситезаҷӯёни Бабрҳои Томилро барои ба ҳайси сипарҳои зинда истифода кардани мардуми мулкӣ айбдор карданд. Ва шоми шанбе раиси ҷумҳурии Шри-Ланка Маҳинда Раяпакса гуфт, ки кишвари вай бар ситезаҷӯён пирӯз шуд:"Ман боифтихор дар баробари ин маҷлиси мӯҳтарам эълон мекунам, ки ҳукумат бо тамоми ӯҳдадориҳои нирӯҳои мусаллаҳи он як амалиёти бесобиқаи башариро анҷом дода билохира ҷангиёни Бабрҳои Томилро мағлуб кард. Ман дубора ба кишваре бармегардам, ки аз амалкарди ваҳшиёнаи ҷангиён пурра озод шудааст". Бабрҳои Томил як гурӯҳи мусаллаҳи ситезаҷӯён аст, ки аз соли 1983 инҷониб барои ташкили давлати мустақили аққалиятҳои томили Шри-Ланка мубориза мебарад.
XS
SM
MD
LG