Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Покистон муваққатан қуюди шабгардиро боздошт


Артиши Покистон дар шимоли ғарби водии Свот муваққатан қуюди шабгардиро аз миён бардошт, то сокинон аз ҷанги зидди Толибон раҳо ёбанд. Мақомот гуфтаанд, қуюди шабгардӣ барои 8 соат муттаваққиф шудааст ва онҳо ба сокинони маҳаллӣ машварат додаанд, ки минтақаро тарк кунанд. Рӯзи панҷшанбе Антонио Гутеррес-раиси ожонси СММ дар умури паноҳандагон гуфт, ки бештар аз 830 000 нафар дар паи ҳамлаҳои артиш ба шӯиришиёни Толиб хонаҳояшонро дар минтақаи Свот тарк кардаанд. 500 000 нафари дигар соли гузашта аз минтақаи даргириҳо бо Толибон дар водии Свот хориҷ шуда буданд. Низомиёни Покистон хабар медиҳанд, ки афроди Толибон ришу мӯйсари худро метарошанд ва аз саҳнаи даригириҳо фирор мекунанд.
XS
SM
MD
LG