Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Буҳрони Яман вориди бунбаст шудааст


Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ

Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ

Тарҳи барканории батадриҷи раисиҷумҳури Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ дар пайи сарпечии ӯ аз имзои қарордод ба муддати номаълум ба таъхир уфтод. Ин тарҳ, ки бо миёнҷигии Шӯрои ҳамкории Халиҷ таҳия шудааст, интисоби намояндаи мухолифин ба мақоми сарвазир аз сӯи Солеҳ ва то замони интихобот ба дасти ҳукумати давраи гузор супурдани умури идораи Яманро дар назар дошт. Эътирозҳои хушунатомез бо талаби истеъфои Солеҳ, ки 32 сол боз бар Яман ҳукумат меронад, моҳи чорум аст, идома доранд. Мухолифин мегӯянд, то замони аз мақом рафтани ӯ тарки хиёбонҳо нахоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG