Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зуҳуров мехоҳад муҷаввизи телефонҳои ҳамроҳро лағв кунад


Бег Зуҳуров-раиси Хадамоти алоқаи вобаста ба ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад муҷаввизи ширкатҳои телефонҳои ҳамроҳро барои истифода аз иртиботи радиоэлектронӣ лағв кунад. Вай гуфт:

“Дар бораи масъалаи литсензия гап нарафта истодааст. Инро бояд, ки қонунӣ кунанд. Аз нуқтаи назари ҳуҷҷутгузорӣ..., фақат дар сарҳади Афғонистон. Яъне, ки база мондагӣ аст, база бояд, ки тарафи Афғонистон дар ҳамон кунҷе бошад, ки фақат дар маҳдудияти Тоҷикистон алоқа бошад”.

Аммо Ғафур Эркаев-раиси Анҷумани ғайриҳукуматии телефонҳои ҳамроҳи Тоҷикистон мегӯяд, муҷаввизи онҳо қонунист. Ба гуфтаи коршиносон, дар ҳоле, ки ҳукумати Тоҷикистон талош дорад соҳибкориро рушд диҳад, чунин дархостҳо хилофи фаъолияти соҳибкорист ва онро дар кишвар маҳдуд мекунад.
XS
SM
MD
LG